Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 July 2013

Дар бораи ҷамъбасти озмуни ба иҷора супоридани

   иншооти моликияти коммуналии шаҳри Душанбе

 

           Бо мақсади дастгирии субъектҳои соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе, истифодаи самараноки воситаҳои асосии моликияти коммуналӣ, зиёд намудани воридоти даромад аз иҷораи амвол ба буҷети шаҳрӣ ва дар ин замина ғанигардонии бозори истеъмолӣ ва таъмин намудани сокинони шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ватанӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 624, 634 ва 671 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 4, 5 ва 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  №537 аз 2 ноябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

      1.Протоколи замимагардидаи Комиссияи озмунӣ «Оид ба иҷора супоридани амвол ва объектҳои моликияти коммуналии шаҳри Душанбе» №11 аз 5 июли соли 2013 дар бораи ғолиби озмун эътироф намудани иҷорагирони зерин тасдиқ карда шавад:

 

Р/Т

Номгӯи

субъекти иҷорагир

Номгӯй,  таъинот ва масоҳати объекти 

ба иҷора

супоридашаванда

2)

Суроғаи

объект

 

Маблағи иҷорапулӣ  тибқи хулосаи

комиссия:

А) моҳона

Б) солона                        

( сомонӣ)

1

 

 

ҶСП «Комбинати шири

 ш. Душанбе»

Юсупов Ҳакимҷон

Ҷумабоевич

Дукони №1

«Маҳсулоти ширӣ»

(9,31)

хиёбони Рӯдакӣ ,

А- 860  (ҳаштсаду шаст)

Б-10320 (даҳ ҳазору сесаду бист)

2

ҶДММ «Мурғи Ҳилол»

Бобоев Маҳмадназир

Рабиевич

Дукони №4

«Фурӯши маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ»

(11,2)

кӯчаи

Н.Қарабоев,

А- 505 (панҷсаду панҷ)

Б- 6060 (шаш ҳазору шашт )

3

ҶСП «Комбинати шири

 ш. Душанбе»

Юсупов Ҳакимҷон

Ҷумабоевич

Дукони №1

«Маҳсулоти ширӣ»

(4,5)

 кӯчаи

Н. Қарабоев,

А- 260 (дусаду шаст)

Б-3120 (се ҳазору як саду бист)

4

ҶСП «Комбинати шири

 ш. Душанбе»

Юсупов Ҳакимҷон

Ҷумабоевич

Дукони №13

«Маҳсулоти ширӣ»

(4,5)

Гузаргоҳи зеризаминии назди КВД «Бозори Саховат» кӯчаи

Н. Қарабоев,

А- 260 (дусаду шаст)

Б-3120 (се ҳазору як саду бист)

5

ҶДММ «Фабрикаи

шири Саодат»

Кенҷаев Файзулло Убайдуллоевич

Дукони №14

«Маҳсулоти ширӣ»

(4,5)

Гузаргоҳи зеризаминии назди КВД «Бозори Саховат» кӯчаи

Н. Қарабоев,

А- 270 (дусаду ҳафтод)

Б-3240 (се ҳазору дусаду чил)

6

ҶДММ «Мурғи Ҳилол»

Бобоев Маҳмадназир

Рабиевич

Дукони №25

«Фурӯши маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ»

(4,5)

Гузаргоҳи зеризаминии назди КВД «Бозори Саховат» кӯчаи

Н. Қарабоев,

А- 270 (дусаду ҳафтод)

Б-3240 (се ҳазору дусаду чил)

       2.Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе баъд аз қабули Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати  ҳарчи тезтар ворид гардидани  маблағ ба буҷети шаҳрӣ бо иҷорагирони дахлдор шартномаи иҷораро ба имзо расонад.

       3.Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

       4.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М. гузошта шавад.

 

                                                                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ