Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 July 2013

Дар бораи чораҳои иловагӣ бобати пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе

 

        Бо мақсади дар моҳи шарифи Рамазон тақвият бахшидан ба ғанигардонии бозорҳои истеъмолӣ ва танзими нархи маводи озуқаворӣ дар бозори истеъмолӣ барои сокинони шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

      Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

     1. Аз 11 июл то 12 августи соли 2013  дар таваққуфгоҳҳои назди корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Саховат» ва «Бозори Деҳқон», ки моликияти коммуналии шаҳри Душанбе ба ҳисоб мераванд, тариқи ройгон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» (Мӯминов С.А.)  ва корхонаҳои воҳиди давлатии зикргардида зери масъулияти шахсии роҳбарони онҳо ҳамарӯза ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ба роҳ монда шавад.

       2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.), Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Исмоилов Р.К.), Раёсати назорати давлатии  байтории шаҳри Душанбе (Қармишев Б.Д.) ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авғонов З.Т.) таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, чораҳои зиддисӯхторӣ, назорати санитарию эпидемиологӣ, ветеринарӣ ва беҳдошти маҳсулоти кишоварзиро дар  ҳудуди таваққуфгоҳҳои зикргардида дар давоми моҳи шарифи Рамазон пурзӯр намоянд

       3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

    4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини  Раиси  шаҳри  Душанбе Назаров Б.М. гузошта шавад.

 

                                                                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ