Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 July 2013

11 июли соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи ваҳдат» иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандию иттиҳодияҳои динӣ, кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ, мудирони боѓчаву мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ассосиатсияҳои падару модарон ва намояндагони васеи аҳли ҷамоатчигию воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Вакилон бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида: 

-  Ахбороти прокурори шаҳри Душанбе Қодиров С.Г. оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию аҳли ҷамоатчигӣ дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини волоияти қонун;

- Ҳисоботи раиси ноҳияи Сино Сафаров З.А. дар бораи ҷараёни иҷрои нақшаҳои омодагии ноҳияи Сино ба таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

- Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №123-12 аз 20 декабри соли 2012 дар бораи  «Ҳисоботи Раиси шаҳри  Душанбе М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2012, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2013 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2011»;

- Дар бораи номивазкунии кӯчаи  Свердлови ноҳияи Исмоили Сомонӣ;

- Дар бораи номивазкунии кӯчаи  Будёнийи ноҳияи Шоҳмансур;

- Дар бораи номивазкунии кӯчаи  Софя Ковалевскаяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ;

- Дар бораи номивазкунии кӯчаи  Клара Сеткинаи ноҳияи Сино;

- Дар бораи номивазкунии кӯчаи  Гастелло (5-6 гузаргоҳ)-и ноҳияи Шоҳмансур;

- Дар бораи номивазкунии кӯчаи  Плеханови ноҳияи Исмоили Сомонӣ;

- Дар бораи номивазкунии кӯчаи  Котовскийи ноҳияи Сино;

- Дар бораи номивазкунии кӯчаи  Володарскийи ноҳияи Шоҳмансур;

- Дар бораи номивазкунии кӯчаи  Титови ноҳияи Шоҳмансур;

-  Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, шурӯъ намуданд.

Тибқи масъалаи аввали рӯзнома ахбороти прокурори шаҳри Душанбе Қодиров С.Г. шунида шуд.

Дар ахбороти худ прокурори шаҳр оид ба ҳолати дар марзи шаҳри Душанбе риояву иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросимҳо  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи гурезаҳо» ва Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл намуда, барои вакилони халқ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр доир ба вазъи ҷойдошта дар иртибот ба таъмини волоияти қонун дар марзи маъмурии шаҳр муфассал гузориш дод.

Бо анҷоми ахбороти прокурори шаҳр сардорони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар робита ба масъалаи матраҳшаванда бо инобати самтҳои фаъолияти худ ва  тадбирҳои анҷомдодаашон баҳри ҳифзу таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, риояи волоияти қонун гузоришҳо манзур сохта, бобати тақвияти чораҳо ва таҳкими суботу оромии ҷомеа аҳли ҳузорро ба ҳамкорию ҳамдастӣ ва фаъолияти муташаккилона даъват намуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати ахбороти прокурори шаҳр ва фаъолияти тамоми сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҳар кадомашон даъват ба миён овард, ки баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, зиндагии қонунсолорӣ ва пешбурди ҳаёти осудаи сокинон дар шаҳр чораҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Дар ин зимн, идома ба нақшаҳои барномавии шаҳрдорӣ оид ба таъмини риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар пойтахт, баҳри муайян намудани вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию аҳли ҷамоатчигӣ дар шаҳри Душанбе дастур фармуд, ки бо мушаххас кардани муҳлат ва номгӯи чорабиниҳои татбиқшаванда Қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе барои тасдиқи онҳо таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Сипас, дар иҷлосия вакилон ҳисоботи раиси ноҳияи Сино Сафаров З.А. оид масъалаҳои саҳмгирии сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ ва сокинону институтҳои шаҳрвандии ноҳия дар таносуби ҳар як бино, кӯча, маҳалла ва шаҳрак оид ба омодасозии ноҳия ба истиқболи сазовори 90-солагии мақоми пойтахти кишварро доро гардидани шаҳри Душанбе шунида  шуд.

Бо хулоса аз он таъкид гардид, ки тадбирҳои мутазаккираро минбаъд низ бо вусъат идома дода, ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ дар амалисозии онҳо ва пурмуҳтаво баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию тантанавии ҷашнвора таъмин карда шавад.  

Дар иҷлосия зимни ворид намудани таѓйирот ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №123-12 аз 20 декабри соли 2012 дар бораи  «Ҳисоботи Раиси шаҳри  Душанбе М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2012, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2013 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2011» баҳри таъмини иҷрои қисми даромади буҷет ба нақшаи даромадҳои буҷети шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ  ворид кардани таѓйироти марбута аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ карда шуд.

 Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тибқи рӯзномаи иҷлосия  нисбати дигар масъалаҳои матраҳшуда қарорҳои дахлдор қабул намуда, номи 9 кӯчаҳои шаҳрро азнав номгузорӣ намуд. Мутобиқ ба он,  номи кӯчаи Свердлови  ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Содиқов Мустафо, кӯчаи   Будёнийи ноҳияи Шоҳмансур ба номи Махсумов Акбар, кӯчаи Софя Ковалевскаяи  ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Мухторов Аҳрор, кӯчаи Клара Сеткинаи  ноҳияи Сино ба номи Ғаффор Мирзо, кӯчаи  Гастелло (5-6 гузаргоҳ)-и ноҳияи Шоҳмансур ба номи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, кӯчаи  Плеханови ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Зафар Нозимов, кӯчаи  Котовскийи ноҳияи Сино ба номи Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, кӯчаи  Володарскийи ноҳияи Шоҳмансур ба номи  Ғуломов Минхоҷ  ва кӯчаи Титови ноҳияи Шоҳмансур ба номи Корманди хизматнишондодаи нақлиёти Тоҷикистон Мастонгулов Мирзо иваз карда шуданд.

Ҷои таъкид аст, ки масъалаи номгузорӣ ва аз нав номгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе, тавре ҳамагон воқифанд мавриди таваҷҷуҳи хосаи шаҳрдорӣ қарор дорад ва тибқи муқаррароти мавҷуда то ҷашни 90- солагии пойтахт табдили номҳои ѓайр дар шаҳр асосан ба имтмом расонида хоҳад шуд. 

Дар фарҷоми иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев  таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба назорати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №399 аз 8 июли соли 2013 “Дар бораи  таъмини тадбирҳои амалии пешгирии  болоравии   нархи   маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе”, ки бо дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти №582 «б» аз 10 июли соли 2013 ба қайд гирифта шудан дорои мақоми санади меъёрии ҳуқуқии иҷроишаш дар марзи шаҳри Душанбе ҳатмӣ гардидааст, нигаронида, дар моҳи шарифи Рамазон ба ҳама тавфиқу осудагӣ  ва саховати беандоза дар расидагӣ ба эҳтиёҷоти қишрҳои ниёзманди ҷомеа таманно сохт.