Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 July 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №401 аз 8 июли соли 2013

 

Дар бораи баргузории озмуни такрорӣ

 

Бинобар сабаби ба талаботи шартҳои озмун ҷавобгӯ ва қобили қабул набудани пешниҳодоти довталабон ҷиҳати дарёфт ва интихоби беҳтарин лоиҳаи таҷдиди бинои «Амфитеатр» ва дар робита бо ин ба миён омадани зарурияти гузаронидани озмуни такрорӣ, бо дарназардошти протоколи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №164 аз 14 июни соли 2013, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 37 ва 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1.  Бинобар сабаби ба талаботи шартҳои озмун ҷавобгӯ ва қобили қабул набудани пешниҳодоти довталабон ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи  иншооти «Таҷдиди бинои «Амфитеатр», ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №110 аз 21 феврали соли 2013 «Дар бораи баргузории озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи иншооти «Таҷдиди бинои «Амфитеатр» эълон шуда буд, озмуни харид бекор карда шавад.

2.  Комиссияи озмунии аз тарафи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳодшуда дар ҳайати замимагардида (замимаи №1) таъсис дода шуда тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти озмуни такрориро ҷиҳати интихоби беҳтарин таҳиягари лоиҳаи иншооти          «Таҷдиди бинои «Амфитеатр» ва ободонии ҳудуди иншоот бо истифодаи дарахту буттаҳои нодир» тариқи иштироки номаҳдуд  таъмин намояд.

3.  Шартҳои замимагардидаи (замимаи №2) гузаронидани озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи иншооти «Таҷдиди бинои «Амфитеатр» ва ободонии ҳудуди иншоот бо истифодаи дарахту буттаҳои нодир» тасдиқ карда шавад.

4.  Шуъбаи таҳлилию иттиллоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

5.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ