Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 July 2013

15 июли соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеии кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа масоили мубрами хоҷагидории шаҳр мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдор қарор гирифта, нисбати пешрафти соҳаҳо ва рафъи мушкилоти ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа гардид.

Қабл аз ҳама, Маҳмадсаид Убайдуллоев диққати муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва кулли сохторҳои марбутаи шаҳриро дар радифи таъмини иҷрои қонунгузории амалкунанда дар низоми хоҷагидорӣ, ба татбиқи воқеӣ ва ҳолати риояи муқаррароти  қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ва Раиси шаҳри Душанбе нигаронида зикр сохт, ки дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Дар ин росто, баҳри баланд бардоштани масъулияти хизматии мутасаддиёни иҷро ва масъули назорати татбиқи онҳо ҷараёни амалисозии қарорҳои марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба азнавномгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби шаҳрдор ба риштаи танқид кашида шуд.

Тавре ҳамагон воқифанд масъалаи мазкур мавриди таваҷҷуҳи хосаи шаҳрдорӣ қарор дорад ва тибқи муқаррароти мавҷуда то ҷашни 90- солагии пойтахт табдили номҳои ғайр дар шаҳр асосан ба имтмом расонида хоҳад шуд. 

Аммо бо вуҷуди қабули қарорҳои дахлдор дар ин хусус аз беназоратии Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба азнавномгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе ҳолатҳои саривақт аз ҷониби раисони ноҳияҳо ва сохторҳои ноҳиявӣ иваз намудани овезаҳои суроғавии кӯчаҳои табдили номкарда ба мушоҳида мерасанд, ки метавонад боиси нороҳатии шаҳрвандон гардад. Баҳри рафъи камбудиҳои мавҷуда раиси Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Баҳром Юсупов муваззаф гашт, ки оид ба чигунагии ҳолати иҷрои қарорҳои марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо анҷоми таҳлили амиқ ба Раиси шаҳр ахбор манзур созад.

Дар ҷаласа инчунин масъалаи вазъи санитарию экологӣ, нигаҳдории фонди манзил ва ҳолати таҳхонаҳо дар биноҳои бисёрквартирадори баландошёна аз ҷониби соҳибмулкон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин зимн Муассисаи давлатии “Телевизони пойтахт”  вазифдор гашт, ки бо таҳлилу пайгирии масъалаҳои зикр гашта, баҳри баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва масъулияти амволдории сокинон аз ҳолати воқеии таҳхонаву даромадгоҳҳои истифодаи умуми биноҳои бисёрквартирадори баландошёна дар таносуби чор ноҳияҳои шаҳр гузоришҳо омодаву пахш намояд.

Бо дахли масоили фаровонию ғановати бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва тибқи иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе  №399 аз 8 июли соли 2013 “Дар бораи  таъмини тадбирҳои амалии пешгирии  болоравии   нархи   маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе”, ки бо дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти №582 «б» аз 10 июли соли 2013 ба қайд гирифта шудан ҳукми санади меъёрии ҳуқуқиро доро гардидааст, М. Убайдуллоев дастур фармуд, ки баҳри таъмини бозорҳои коммуналӣ бо гӯшти хушсифат ба субъектҳои инфиродии соҳибкорӣ маблағи зарурӣ ҳамчун қарзи бефоиз аз буҷети шаҳр ҷудо карда шавад ва ҳамарӯза дар бозорҳои коммуналию шахсии шаҳр фурӯши 12 намуд маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили гӯшти хушсифати гов, гӯсфанд, мурғ, орди навъи якум, равғани растанӣ, биринҷ,  шакар, шир, картошка,сабзӣ, пиёз ва тухм ба роҳ монда шаванд.

Дар партави баррасии масъалаи мубрами рӯз нисбати роҳбарияти КВД “Бозори Шоҳмансур” тадбирҳои ташкилӣ андешида шуд, ки дар асоси он Ризоев Асомудин аз вазифаи директори бозори мазкур озод гардид.

Ҳамзамон супориши дахлдор ба сохторҳои давлатии масъули назорат дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо маъмурияти бозорҳо нисбати хилофкорони риояи муқаррароти мутазаккира чораҳои қатъии пешбининамудаи қонунгузориро бо инобати маҳрум сохтан аз ҳуқуқи истифодаи минбаъдаи нуқтаҳои савдо дар бозорҳои шаҳр, татбиқ намоянд.

Инчунин дар ҷаласа натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2013, пеш аз ҳама нишондодҳои соҳаи саноату сохтмон, иҷроиши буҷет  ва ҷамъоварии андоз мавриди таҳлил ва хулосабарорӣ қарор гирифтанд.