Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 July 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 420  аз 16  июли  соли 2013

 

Дар бораи гузаронидани харид

Бо мақсади ташкил намудани ҷойҳои кории иловагӣ  тавассути ба роҳ мондани истеҳсоли нақлиёти барқӣ ва велосипед дар Корхонаи воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» дар шаҳри Душанбе ва беҳтар намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ ба аҳолии пойтахт, бо дарназардошти розигии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №282 аз 16 июли соли 2013 ва Протоколи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №197 аз 16 июли соли 2013, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

 

 

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

 

 

1.     Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  №197 аз 16 июли соли 2013 ҷиҳати харидорӣ намудани 15 (понздаҳ)  адад нақлиёти барқӣ (троллейбус), тамғаи Тролза 5275.03 «Оптима» ва  15 (понздаҳ) адад машинокомплекти нақлиёти барқии тамғаи Тролза 5275.03 «Оптима» барои насб ва истеҳсоли минбаъда дар Корхонаи воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед»-и шаҳри Душанбе аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тролза-Маркет»-и шаҳри Энгелси Федератсияи Россия тасдиқ карда шавад.

2.     Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» (Алиев А.А) тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ваколатдор карда шаванд, ки ҷиҳати харидорӣ намудани 15 (понздаҳ)  адад нақлиёти барқӣ (троллейбус), тамғаи Тролза 5275.03 «Оптима» ва  15 (понздаҳ) адад машинокомплекти нақлиёти барқии тамғаи Тролза 5275.03 «Оптима» барои насб ва истеҳсоли минбаъда дар Корхонаи воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед»-и шаҳри Душанбе шартномаҳои дахлдорро байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тролза-Маркет»-и шаҳри Энгелси Федератсияи Россия ба имзо расонанд.

3.     Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2013 дар соҳаи «Нақлиёт»  барои харидорӣ намудани нақлиёти мусофирбарӣ пешбинигардида бо дарназардошти хароҷотҳои бонкӣ маблағи 18 963 000  (ҳаждаҳ миллиону нуҳсадусаду шасту се ҳазор) сомонӣ, аз ҷумла барои 15 (понздаҳ)  адад нақлиёти барқӣ (троллейбус), тамғаи Тролза 5275.03 «Оптима» маблағи 9 555 000 (нуҳ миллиону панҷсаду панҷову панҷ ҳазор) сомонӣ ва барои 15 (понздаҳ) адад машинокомплекти нақлиёти барқии тамғаи Тролза 5275.03 «Оптима»  маблағи 9 408 000 (нуҳ миллиону чорсаду ҳашт ҳазор) сомонӣ, ба  муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

4.     Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз натиҷаи харид ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.

 

 

5.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М, Оев А.М. ва Назаров Б.М. гузошта шавад.

         М. УБАЙДУЛЛОЕВ