«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 July 2013

Таҳлилҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳаи аввали сипаришавандаи  моҳи Рамазон шаҳодат медиҳанд, ки шаҳрдории Душанбе дар ҳамбастагӣ бо аҳли ҷомеаи соҳибкорию тоҷирии шаҳр, баҳри таъмини иҷроиши санади меъёрии ҳуқуқӣ - Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 399 аз 8 июли соли 2013 «Дар бораи  таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи   маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе» мутобиқ ба нархҳои муайянгардида ба фурӯшгузории 12 намуди маҳсулоти мавриди таваҷҷуҳро дар ҳамаи бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ба танзим дарорад. 

Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки муқаррароти санади меъёрии ҳукуқии мазкур танҳо нисбати 12 намуди маҳсулот барои соҳибкорон ва тоҷирони тамоми бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ нигаронида шуда, зимнан аз онҳо хоҳиш карда шудааст, ки номгӯи дигари анвои маҳсулоти ниёзи аввалияро аз рӯи имону инсоф дар доираи Муроҷиатномаи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Даъват ба адлу инсоф» ба савдо гузоранд.

Фаъолияти сохторҳои давлатии масъули назорат ва ҳамраъйии соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарияти бозорҳои коммуналию хусусӣ мусоидат намуд, ки имрӯзҳо дар бозорҳои шаҳр: як кг гӯшти гов 29,  гӯшти гӯшти гӯсфанд 30, як халта орди навъи якум (аз ғаллаи дар Қазоқистон истеҳсолшуда ва навъи «Шамалған») то 130, 1 л. равғани растанӣ 7,5, 1 кг биринҷи ватанӣ то 6, 1 кг шакар то 4,2, 1 л. шир дар бозорҳо то 3,5, 1 кг сабзӣ то 1,6, 1 кг картошка то 1,5, 1 кг пиёз то 0,65 ва 1 дона тухм то 0,5 сомонӣ ба савдо гузошта шудаанд.

Тазаккур бояд дод, ки назар ба 15 июли соли 2012 дар ин давра арзиши маҳсулоти мавриди таваҷҷуҳ мутаносибан як кг бехпиёз 48,0%, як кг сабзӣ 38,8%,  як кг картошка 38,6%, як кг шакар 24,5%, 1 дона тухм 21,3%, 1 л. равғани растанӣ 19,5%, як кг биринҷи ватанӣ 19,4%,  як кг гӯшти гов 5,8% ва гӯшти гӯсфанд 1,6% поён рафтааст ва дар маҷмуъ аз 21 намуди маҳсулоти мавриди мониторинг қарордошта нархҳои 13 намуд коҳиш ва 2 намуд бе тағйир мондаанд.  

Қобили зикр мебошад, ки дар санаи 15 июли соли 2013 нисбат ба     1 июли соли равон арзиши як кг бехпиёз 23,5%, як кг сабзӣ 21,1%,  як кг биринҷи ватанӣ 17,1%, як кг шакар 17,0%,  як кг картошка 15,6%, як кг гандум 12,2%, як кг помидор 9,5%, як кг бодиринг 13,8% як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон 9,8%, 1 л. равғани растанӣ 9,7%, 1 дона тухм 9,1%, як кг гӯшти гов 6,5% ва гӯшти гӯсфанд 6,2% коҳиш ёфтаанд ва арзиши 5 намуд бе тағйир нигоҳ дошта шудааст. 

Рақамҳои омории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собит месозанд, ки нархҳои 12 намуд маҳсулоти дар марзи шаҳр танзимшаванда назар ба шаҳру ноҳияҳои истеҳсолкунандаи маҳсулот мутаносибан аз нархи бозорҳои Турсунзода ( бехпиёз-0,80, сабзӣ-1,8, равғани растанӣ-7,8, шакар-4,5, тухм-0,70, як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон-3,0, гӯшти гов-30 ва гӯсфанд-32 сомонӣ), Ҳисор (бехпиёз-0,80, сабзӣ-2,15, биринҷ 6,5, равғани растанӣ-9,0, шакар-5,0, гӯшти гов-33, гӯшти гӯсфанд-34 ва як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон-2,8 сомонӣ), Рашт (картошка-2,0, бехпиёз-2,8, сабзӣ-1,7, шакар-5,0, тухм-0,60,  биринҷ-8,0, равғани растанӣ-10, гӯшти гов-30 ва як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон-3.0 сомонӣ), Ваҳдат (картошка-1,7, бехпиёз-1,0, сабзӣ-1,8, биринҷ-6,7, равғани растанӣ-8,2, шакар-5,0, тухм-0,70, гӯшти гов-30, гӯшти гӯсфанд-32 ва як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон-3,10 сомонӣ), Хуҷанд (картошка-2,0, бехпиёз-0,90, сабзӣ-2,50, равғани растанӣ-8,0, гӯшти гӯсфанд-33, шакар-4,8, тухм-0,58) паст ба фурӯш гузошта мешаванд.

Баҳри роияи муқаррароти мазкур тибқи дастури Роҳбарияти шаҳр аз ҷониби КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе“ ва маъмурияти бозорҳои коммуналӣ дар асоси шартномаҳои қаблан бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои кишоварзӣ ба имзорасонида ва илова бар он тавассути харидории маҳсулот дар ҷойҳо дар маҷмуъ беш аз 363 тонна маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла 88,2 тонна картошка, 41тонна сабзӣ, 155,4 тонна бехпиёз, 11,3 тонна гӯшти гов, 5,2 тонна гӯшти гӯсфанд, 40 тонна орд ва 8,25 тонна равғани растанӣ бе истифодаи хизмати “миёнаравҳо” ворид карда шуданд, ки ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.

Вобаста ба ҳангомаҳои расонаӣ, ки гӯё дар шаҳр камбуди захираи шакар эҳсос карда мешавад, зикр намудан ба маврид аст, ки феълан аз ҷониби 19 субъекти соҳибкории Душанбе беш аз 2 320 тонна шакар захираву ба фурӯш гузошта шудааст, ки барои эҳтиёҷоти бозори истеъмолии шаҳр қонеъкунанда мебошад. Дар ин зимн аз воситаҳои ахбори омма хоҳиш карда мешавад, ки бо матлабҳои дурӯғину ҳангомабарангези худ фазои иттилоотиро махлут насозанд.

Бобати ғановати бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва таъсиррасонии мусбӣ ба нархи маводи озуқаворӣ дар шаҳр ба корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» - 600 ҳазор сомонӣ,  «Бозори Шоҳмансур»- 200 ҳазор сомонӣ ва «Бозори  Саховат»- 200 ҳазор сомонӣ  бо Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 10 июли соли 2013 қарзҳои бефоиз аз буҷети шаҳр ҷудо карда шуданд.

Аммо новобаста аз ин, ҳолатҳои алоҳидаи вайронкунии муқаррароти мазкур аз ҷониби бархе аз соҳибкорон ва тоҷирон мутаассифона ба мушоҳида мерасанд, ки саривақт нисбати онҳо аз тарафи масъулин тадбирҳои фаврӣ андешида мешаванд.

Дар иртибот ба ин Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз кулли сокинони шаҳр даъват менамояд, ки бо дастрасӣ аз ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми хариди номгӯи маҳсулоти зикргардида аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намоянд.