Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 July 2013

22 июли соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки доираи васеи масъулини сохторҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрӣ баргузор гардид.

Ҷаласа, ки дар партави хулосаҳо оид ба натиҷаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати пешбурди ҳаёти хоҷагидории шаҳр доир гашт, дар он баҳри  тақвияти тадбирҳо ва расидан ба ҳадафҳои барномавии тибқи қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  аз 20 декабри соли 2012 барои  соли 2013 қабул ва тасдиқ гардида, масъалагузориҳои амиқ  сурат гирифт.

Қабл аз ҳама,  шаҳрдор таваҷҷуҳи масъулинро ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагидорӣ, иҷрои ҷамъоварии нақшаҳои андоз, таъмини пардохти нафақаҳои шаҳрдорӣ оид ба хизмати шоиста дар назди шаҳри Душанбе ба шаҳрвандони сазоворгашта, амалисозии босифати  корҳои бунёду азнавсозӣ, таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳои хиёбону кӯчаҳо ва баистифодадиҳии саривақтии онҳо, беҳдошти вазъи санитарию экологӣ ва ҳифзи саломатӣ, барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ ва назорати бастани шартномаҳо миёни аҳолӣ ва субъектҳои хизматрасони ноҳиявӣ, омодагиҳо ба соли нави хониш, ҷашни Истиқлолият ва мавсими зимистонгузаронии пешорӯ ва назорати  истифодаи нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он аз ҷониби муштариён, нигаронида, дастур фармуд, ки потенсиали мавҷуда баҳри иҷрои пай дар пайи  нақшаҳои рушд, ки дар соли 2013 бо фарогирии соҳаҳои гуногуни  шаҳрдорӣ тасдиқ гаштаанд, сафарбар  карда шавад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз фаъолияти анҷомдодаи сохторҳои шаҳрӣ дар амалисозии босифати корҳои бунёду азнавсозӣ, таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳои хиёбону кӯчаҳо ва баистифодадиҳии саривақтии онҳо, бинобар сабаби зоҳир намудани бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ба таъхир андохтани муҳлати ба истифодадиҳии иншоотҳои “Азнавсозии кӯчаҳои Н. Қарабоев (қисмати шарқӣ ва ғарбӣ аз кӯчаи А. Ҷомӣ то кӯчаи Ҷанубӣ)” то 20 марти соли 2013 ва “Азнавсозии кӯчаҳои Лоҳутӣ, Меҳнат, Шарқ баромад ба кӯчаи М.Турсунзода” то 30 апрели соли 2013 ба Оев А.М. – муовини Раиси шаҳри Душанбе ва Мирзоев С.Б. – сардори Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою купрӯкҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе” муҷозоти интизомӣ – танбеҳ эълон намуд.

Аз ҷумла, муқаррар карда шуд, ки фаъолияти сохторҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ бобати эътимоднокии рақамҳои оморӣ ва пешгирӣ аз сохтакорӣ дар ин самт аз ҷониби прокуратураи шаҳр мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Дар иртибот нисбати вусъати тадбирҳо оид ба ҷараёни татбиқи Нақшаи генералии шаҳр ва қонеъ гардонидани зарурати  шаҳрвандони манзилҳояшон дар ин зимн бартарафшаванда бо квартираҳои замонавӣ  дар ҷаласа Раиси шаҳр муқаррар сохт, ки фонди манзили коммуналии шаҳр минбаъд танҳо баҳри баровардагии талаботи онҳо равона карда шавад.

Бо дахли масоили фаровонию ғановати бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №399 аз 8 июли соли 2013 “Дар бораи  таъмини тадбирҳои амалии пешгирии  болоравии   нархи   маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе”, ки ҳукми санади меъёрии ҳуқуқиро доро гардидааст, Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон оид ба таъмин намудани бозорҳои коммуналӣ бо гӯшти хушсифат ва пешгирии воридшавии гӯшти бесифат муовини Раиси шаҳри Душанбе Б.Назаров, сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр З. Авғонов ва сардухтури Раёсати назорати давлатии бойторӣ дар шаҳри Душанбе Б. Қармишевро масъул таъин намуда, ҳамзамон зикр сохт, ки дар сурати риоя нагардидани ин муқаррарот нисбати ҳар кадоме тадбирҳои ташкилӣ – озод намудан аз вазифаи ишғолкардаашон андешида мешавад.