Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 July 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 430 аз 22.07.2013

 

Дар бораи муваққатан қатъ намудани

интиқоли об дар канали дериватсионии

          Силсиланерӯгоҳҳои барқӣ-обии  Варзоб

 

Бо назардошти вазъияти баамаломада, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 7 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

        1. Ҷадвали замимагардидаи боздоштани канали дериватсионӣ  дар минтақаи аз ПК-1 то ПК-41 тасдиқ карда шавад.

        2. Муқаррар карда шавад, ки аз соати 05-00 то соати 17-00 рӯзи 23 июли соли 2013 таъминоти оби нӯшокӣ (аз канали дериватсионӣ истифодашаванда) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба пуррагӣ ва дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ қисман қатъ мегардад.

        3. Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе Кенҷаев М.М. фаъолияти заруриро ба роҳ монад.   

        4. Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ –Қурбонов А.Ҷ., Сино – Сафаров З.А., Фирдавсӣ – Алиев С.А., Шоҳмансур – Бобоев С.Қ. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ  сокинони  минтақаҳои беобмондаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

       5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

 

 М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 

 

 

 

 

 

Замима

                                                                        ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№ 430 аз 22.07.2013

 

Ҷадвали

боздоштани канали дериватсионӣ дар минтақаи аз ПК-1 то ПК-41

ҷиҳати дарёфт намудани ҷасади шахси ғарқшуда рӯзи

23.07.2013 сол

 

Номгӯи корҳо

 

Вақт

Иҷрокунанда

1

Маҳкам намудани дарвозаи канал

 

 

аз 05-00 то 05-20

 

ШСХК « Барқи Тоҷик»

2

Паст намудани сатҳи оби канал

 

 

аз 05-20 то 07-20

 

ШСХК « Барқи Тоҷик»

 

3

 

Гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ

 

аз 07-20 то 12-20

Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе

4

Кушодани дарвозаи канал

 

 

аз 12-20 то 12-40

 

ШСХК « Барқи Тоҷик»

5

Баланд бардоштани сатҳи оби канал то меъёри муқарраргардида

 

 

аз 12-40 то 15-40

 

ШСХК « Барқи Тоҷик»

6

Ба танзим даровардани реҷаи обтаъминкунӣ

 

 

аз 15-40 то 17-00

КВД «Обу корези Душанбе»