Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 July 2013

Раёсатҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва ҳисоби хоҷагии баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзили Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони шаҳр мерасонанд, ки бинобар зарурати татбиқи Нақшаи генералӣ ба миён омадани бартарафсозии иншооти мавҷуда дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳр ва бар асари он мутобиқ ба талаботи қонунгузории амалкунанда  таъмин кардани соҳибмулкон бо квартираҳои баробарарзишу замонавӣ, фонди манзили коммуналии шаҳр минбаъд танҳо баҳри қонеъ намудани талаботи онҳо равона карда мешавад.

Аз ин рӯ раванди ба иҷорадиҳии квартираҳои коммуналӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон қатъ гардид ва минбаъд чунин муроҷиатҳо қабул ва баррасӣ карда намешаванд.