Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 July 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №429 аз 19.07.2013

 

Дар бораи баргузории тендери такрорӣ

Бо мақсади беҳтар намудани шароити кори кормандони Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» -и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоқимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе,бо дарназардошти мактуби розигии Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №262 аз 4 июли соли 2013  ва Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №188 аз 4 июли  соли 2013, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 12-14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ».

ҚАРОР МЕКУНАМ:

          1.Бинобар сабаби аз ҷониби Комиссияи тендерӣ ва Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе рад кардани дархостҳои тендерии довталабон  оиди хариди воситаҳои асосӣ, таҷҳизот ва техника барои  Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе озмуни харид, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 160 аз 5 апрели соли 2013 «Дар бораи баргузории тендер» эълон шудааст, бекор карда шавад.

          2. Комиссияи тендерӣ аз тарафи  Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  пешниҳодшуда оид ба интихоби молрасони   воситаҳои асосӣ, таҷҳизот ва техника барои  Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» -и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоқимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро такроран тариқи  иштироки номаҳдуди довталабон, бо маҳдуд намудани муҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ, таъмин намояд.

           3. Воҳиди  хариди Мақомоти  иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ дар шаҳри  Душанбе дар  ҳамкорӣ бо  Муассисаи давлатии  «Душанбе Плаза»  -и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи  талаботи  санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ    нашри  даъватнома  ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендери такрори омода гардонад.

4.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б. М.гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

ФЕҲРИСТИ МОЛҲОИ ХАРИДШАВАНДА