Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 July 2013

Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ аз 29 июл то 30 августи соли 2013 озмун эълон менамояд.

 

                               а) дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе:

 

·        ёрдамчии Раиси шаҳри Душанбе;

·        мудири шуъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        мудири шуъбаи нақлиёт,  нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;

·        мудири шуъбаи ташкилӣ;

·        сармутахассиси шуъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        сармутахассиси  шуъбаи ташкилӣ;

·        сармутахассиси шуъбаи кадрҳо;

·        сармутахассиси  шуъбаи коммуналию муҳандисӣ;

·        мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо;

·        мутахассиси пешбари  шуъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        мутахассиси пешбари шуъбаи саноат ва энергетика;

·        мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;

·        мутахассиси пешбари  шуъбаи маъмурию ҳуқуқӣ;

·        мутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ;

·        мутахассиси  шуъбаи сохтмон ва ободонӣ;

·        мутахассиси шуъбаи нақлиёт,  нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия.

 

б) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

дар шаҳри Душанбе:

 

·                    сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;

·                    мудири шуъба оид ба корҳои дин;

·                    мудири шуъбаи кор бо занон ва оила;

·                    мудири шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

·                    сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо;

·                    сармутахассиси шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати   

     Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;

·                    мутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо.

 

         Довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои зеринро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  4X6 );

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс  собиқаи

  меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома.

 

      

          Ба довталабоне, ки то соли 1992 донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳуриро хатм намудаанд ва ё дар хориҷи кишвар дорои маълумоти олӣ гардида, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рўи ихтисос доранд,  афзалият дода мешавад.

     Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рўзона дошта бошад.

     Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 30 августи  соли 2013.

     Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи  кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Тел: 221-62-56, 221-35-68.

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 441 аз  26 июли соли 2013