Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 July 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №446 аз 26.07.2013

 

 Дар бораи баргузории тендери такрорӣ

 

Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе № 112 аз 18 феврали соли 2011 «Оид ба тасдиқи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015», бо дарназардошти Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №116 аз 29 апрели   соли 2013, розигии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №258 аз 20 июни соли 2013,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 12, 14, 25 ва 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.                 Бинобар сабаби рад намудани дархостҳои тендерии довталабон аз ҷониби Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба интихоби молрасони 2200 (ду ҳазору дусад) адад компютер барои муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №175 аз 5 апрели соли 2013 «Дар бораи баргузории тендери такрорӣ» эълон шудааст, озмуни харид бекор карда шавад.

2.                 Расмиёти хариди давлатӣ барои интихоби молрасони 2200 (ду ҳазору дусад) адад компютер барои муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, бо баргузории тендер тариқи иштироки номаҳдуди довталабоне, ки компютер истеҳсол менамоянд, ҷонибдорӣ карда шавад.

3.                 Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  пешниҳодшуда оид ба интихоби молрасони 2200 (ду ҳазору дусад) адад компютер барои муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, мутобиқи талаботи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро тариқи иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд.

4.                 Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тавассути сомонаи интернетии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ирсоли даъватнома ба ширкатҳое, ки компютер истеҳсол менамоянд, чораҳои амалӣ андешад.

5.                 Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ эълон ва хуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер таъмин намояд.

     6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Фехристи молхои харидшаванда

Номгуи мол ва таснифоти он

Шумора

(адад)

1

Компютер

Процесор-Intel Duar Core2.8 Hhz 2Mb C/m

Материнская плата-G41

Оперативка-4Gd RAM  DDR 1333

Жесткий диск-HDD 500 Gb Sata Raid

Видеокарта-Internal 1 Gb

Дисковод DVD –Re Writeble

Корпус -Monoblok

Монитор-21.5 LCD

Колонки-Internal

Мышка-Wireless mous

Клавиатура-Wireless keyboard

 

 

 

 

 

 

 

 

 

2200