«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 August 2013

3 августи соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасию натиҷагирӣ аз ҷараёну сифати корҳои сохтмон, азнавсозию таъмири роҳҳо таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа дар радифи  масъулини шаҳрдорӣ роҳбарони ширкатҳои пудратии иншоотҳо, аз қабили Ҷамъиятҳои саҳомию дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон таъмир», «Роҳи Тоҷик», «Идеал - Сервис», «Строймет», «Компанияи Роҳсоз - 7», «Мостотряд», «Сохтмон дар асри нав», "Проммонтаж"  ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназардошти санҷишҳои анҷомдодаи Комиссияи  босалоҳияти аз ҳисоби мутахассисони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо хоҳиши шаҳрдор созмонёфта, ки дар 16 иншоот корҳои лабароториро оид ба мутобиқати асоси роҳ ва омехтаи асфалтобетон, ғафсӣ ва зичии миёнаи қабатҳо, таркиби зарравии асфалтобетон, масолеҳҳои оҳану бетонӣ ба талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ  гузаронидаанд, таваҷҷуҳи фармоишгар - Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» ва кулли роҳбарони ширкатҳои пудратиро ба сифат ва риояи муҳлати иҷрои корҳои сохтмонии тибқи шартномаҳои тарафайн  муқарраргардида нигаронид.

Дар ин зимн, баҳри баланд бардоштани масъулияти ҷонибҳо дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои таъинотӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии бо ин ҳадаф равонашуда, дастур фармуд, ки илова ба   фаъолияти анҷомдодаи Комиссияи мазкур  Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе санҷишҳои мутақобиларо дар иншоотҳои «Азнавсозии кӯчаи Н.Қарабоев (қисмати шарқӣ ва ғарбӣ аз кӯчаи Ҷомӣ то кӯчаи Ҷанубӣ)», «Азнавсозии кӯчаҳои Лоҳутӣ, Меҳнат, Шарқ баромад ба кӯчаи М.Турсунзода», «Азнавсозии кӯчаи А. Навоӣ (аз буриши хиёбони Б.Ғафуров то дарвозаи ғарбӣ)», «Азнавсозии кӯчаи Соҳилӣ аз хиёбони С.Шерозӣ то буриши кӯчаи Ҷомӣ, марҳилаи якум - кӯчонидан, таҷзия ва васлу сохтмони хати барқии ҳавоии баландшиддати 10кВ, девори муҳофизатӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ, таҷдиду васли хатҳои оби гарм, газ ва алоқа»,«Азнавсозии кӯчаи С.Айнӣ - хиёбони С.Шерозӣ (аз майдони С.Айнӣ то майдони Ғалаба)», «Азнавсозии кӯчаи Лоҳутӣ аз кӯчаи С.Айнӣ то гардиши кӯчаи Шотемур», «Азнавсозӣ намудани қисмати ғарбии кӯпруки хиёбони С.Шерозӣ - кӯчаи Соҳилӣ ва гардишҳои нақлиётии он»,«Азнавсозии чорроҳаҳои кӯчаҳои Борбад - Ҷомӣ», «Азнавсозии кӯчаи Умари Хайём (аз кӯчаи М.Турсунзода то баромад ба хиёбони Рӯдакӣ)», «Азнавсозии кӯчаи Соҳилӣ аз хиёбони С.Шерозӣ то буриши кӯчаи Ҷомӣ» - марҳилаи дуюм «Корҳои омодагӣ ва сохтмони роҳу пиёдароҳҳо, зинапояҳо, васли аломатҳои бехатарӣ, нишонагузорӣ, сохтмон ва васли равшании берунӣ, чароғакҳои роҳнамо», «Таъмири асосии кӯчаи Ш.Руставелӣ (аз хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи М.Турсунзода)», «Таъмири асосии кӯчаи Н.Ганҷавӣ (аз тарабхонаи «Бохтариён» то гардиши кӯчаи Раҳимӣ)», «Таъмири асосии кӯчаи Раҳимӣ (аз кӯчаи Н.Ганҷавӣ то буриши хиёбони Сино)», «Сохтмони девори бетонӣ, тахту ҳамвор кардан ва кабудизоркунии хамгашти паҳлӯи шарқии хиёбони Ҳ.Шерозӣ аз Маҷмааи фарҳангии «Пойтахт-80» то буриши кӯчаи С.Носир», «Сохтмони селпарто тариқи кӯчаи Саид Носиров» ва  «Барқароркунии чокҳои деформатсионии кӯпрук - гузаргоҳи кӯчаҳои А.Дониш - М.Назаршоев» ба роҳ монад. 

Ҷои таъкид аст, ки соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» 22 кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дар масофаи 21,8 км роҳ бо масоҳати 457231м2, 41,8 км пиёдароҳҳо бо масоҳати 127708 м2, масоҳати кабудизоркунӣ 53278м2, чароғакҳои роҳнамо дар 32 қитъаи иншоот, хатҳои барқии нақлиётӣ 10,05 км, равшании беруна дар масофаи 32,4 км, қубурҳои оби нӯшокӣ 3,1 км, қубурҳои оби гарм дар масофаи 12,7 км, хатҳои баландшиддати барқӣ 29,6 км, хатҳои алоқа дар масофаи 24,2 км ва қубурҳои газ дар масофаи 5,3 км тибқи нақша ва лоиҳаҳои тасдиқшуда, ба маблағи 228 млн сомонӣ сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосӣ карда мешванд.