Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 August 2013

Қарори   раиси шаҲри Душанбе №489 аз 01.08.2013

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри

Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили 22-юмин солгарди

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ѓоявӣ ва бадеӣ  таҷлил намудани ҷашни 22-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тибқи талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

 

1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вобаста ба  таҷлили бошукуҳи ҷашни 22-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

        

2.     Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар мувофиқаву ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва корхонаҳои рекламавӣ тамоми шароитҳои заруриро барои ташкили чорабиниҳои идона, сайругашти оммавӣ ва фароғати сокинони пойтахт дар рӯзҳои ид муҳайё сохта,  ороиши идонаи шаҳрро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд.

 

3.     Роҳбарии бадеии Намоиши театришуда бахшида ба 22-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи режиссёр-таҳиягар, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангу фароѓатии «Пойтахт-80» Раҷабов Убайдулло гузошта шуда, дар ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи         телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолонаю самарабахши ташкилоту сохторҳои илмию фарҳангӣ ва ҷамъиятии марбутаю ширкати беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар баргузории чорабинии идона дар Наврӯзгоҳи пойтахт таъмин  намояд.

 

4.     Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  (Юнусов Н.),  Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ- истеҳсолӣ  оид  ба шаклҳои  хурди  меъморӣ»-и  шаҳри Душанбе ороиши бадеии шаҳри Душанберо ба муносибати ҷашн таъмин намуда, доир ба таъмири  унсурҳои ороишии барқӣ,  гузоштани конструксияҳои ороишӣ бо ливоҳои ранга чораҳои мушаххас андешанд.

 

5.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нигаҳдошти реквизиту лавозимот, экспозитсияву воситаҳои ороишӣ ва пиротехникӣ чораҳои иловагӣ андешанд. Зимнан аз сокинони шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ талаботи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва Маромномаи сокини пойтахтро қатъиян риоя кунанд.

 

6.     Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

 

7.     Назорати  иҷрои  Қарори  мазкур  ба  зиммаи  муовини  якуми  Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

                                                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ