Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 August 2013

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 496 аз 09 августи соли 2013

 

Дар бораи баргузории тендер

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ омода ва доир намудани мушакпарронии (фейерверки) идона бахшида ба таҷлили 22-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти розигии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №310 аз 7 августи  соли 2013 оид ба истифода намудани усули харид бо иштироки маҳдуди довталабон мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 12 - 14 ва 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» ва бо дарназардошти протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе № 221 аз 5  августи  соли 2013

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.Барои интихоби хизматрасон ҷиҳати баргузор намудани мушакпарронии (фейерверки) идона бахшида ба таҷлили 22-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тендер бо иштироки маҳдуди довталабони қобилиятнок гузаронида шавад.

2.Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳодшуда барои интихоби хизматрасон ҷиҳати баргузор намудани мушакпарронии (фейерверки) идона бахшида ба таҷлили 22-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро таъмин намояд.

3.Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе эълон ва бо риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намояд.

4.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) баъди баргузории тендер оиди манбаи маблағгузории хизматрасонии мазкур ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.

5.Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ирсоли даъватнома ба ширкатҳои иҷрокунандаи хизматрасонии мушакпарронӣ тавассути сомонаи интернетии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе чораҳои амалӣ андешад.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе  Раҳимова С.Ҳ. ва Назаров Б.М. гузошта шавад.

             М. УБАЙДУЛЛОЕВ

             

 

    Замима                             

ба  Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№ 496 аз 09 августи соли 2013

 

 

ҲАЙАТИ

комиссияи тендерӣ барои интихоби хизматрасон ҷиҳати баргузор

намудани мушакпарронии (фейерверки) идона бахшида ба таҷлили

22-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1.  Юнусов Н.И.          - директори  Муассисаи давлатии «Рекламаи

                                         берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», раиси

                                         комиссия

 

Аъзоёни комиссия:

 

2. Турсунова М.Ғ.       - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри

                                             Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №41

 

3. Мӯсоева Ш.Р.         -  сардори Шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

4.Кенҷаев Д.                -  сардори Сарраёсати молияи шаҳри

                                           Душанбе

 

     5. Лақаев Ҷ.С.              - директори Маркази татбиқи Лоиҳаи

                                              «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ

                                              дар шаҳри Душанбе», мутахассиси

                                              дорои сертификати харид