Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 August 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №494  аз 2.08.2013

 

Дар бораи баргузории озмуни кушоди байналмилалӣ барои ороиши технологӣ ва мавзӯии  хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади рушду такомули фаъолияти рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳр баҳри истиқболи сазовор аз 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри  Душанбе бо истифода аз таҷриба ва технологияҳои муосири рекламавӣ, ҷолибтар намудани ороиши мавзӯии хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1. Барои ороиши технологӣ ва  мавзӯии хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе баҳри истиқболи сазовор аз 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри  Душанбе миёни шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ аз 1 август то 11 сентябри соли 2013 озмуни кушод эълон ва ҳайати комиссияи озмунӣ бо тартибу талаботҳои техникии баргузории озмун тибқи замимаҳои №1 ва №2 тасдиқ карда шаванд.

         2. Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Юнусов Н.И.) дар ҳамкорӣ бо  ҳайати комиссияи озмунӣ ва ҳамоҳангӣ бо шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Мусоева Ш.Р.) ва шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) баргузории озмуни мазкурро тавассути расонаҳои хабарии чопию электронӣ ба сохторҳои ватанию хориҷие, ки дар ороиши технологию мавзӯии пойтахтҳои кишварҳои пешрафта муваффақ гардидаанд, бетаъхир расонда, иштироки васеи субъектҳои марбутаро дар озмуни байналмилалӣ таъмин ва аз натиҷаи ҷамъбасти он хулосаи асоснокро ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

         3. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. ва Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Замимаи № 1

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№494  аз 2.08.2013

                                                        Ҳайати

комиссияи озмунӣ оид ба  ороиши мавзӯии хиёбонҳою

кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии

шаҳри Душанбе

 

1.      Бахтӣ Меҳмон     - Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон- 

                                      раиси Комиссия (дар мувофиқа)

2.      Ширинҷонов Н. – Раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон -

                                  муовини раиси Комиссия (дар мувофиқа)

3.       Раҳимова С.Ҳ.    муовини Раиси шаҳри Душанбе-

                                       муовини    раиси Комиссия

4.     Юнусов Н.И.       директори Муассисаи давлатии «Рекламаи                                     

                                      берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» -

                                      котиби  масъули Комиссия 

                        

Аъзои комиссия:

5.      Холиқова Т.М. –  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри 

                                         Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 1

6.      Самадов А.          муовини аввали Раиси Иттифоқи      

                                 нависандагони Тоҷикистон, вакили Маҷлиси

                                 вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи

                                 интихоботии № 40

7.      Юсупов Б.И.       вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри 

                                         Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 57

8.      Мансуров Ҷ.М. – муовини Раиси шаҳри Душанбе

9.      Рабиев О.             Раиси Бунёди Мусаввараи Тоҷикистон. (дар

                                 мувофиқа)

10.  Файзуллоев Қ. –   сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии

                                   шаҳри Душанбе

11.  Мӯсоева Ш.Р. –  мудири шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи

                                    маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри

                                    Душанбе

 

 

 

 

Замимаи № 2

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№494  аз 2.08.2013

 

Тартиб ва талаботи

баргузории озмун барои ороиши мавзӯии хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе

 

1.Ҳолатҳои умумӣ

 

1.1  Тартиби мазкур баргузор намудани  баррасии лоиҳаҳои ба озмуни «Ороиши технологӣ ва мавзӯии хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе» пешниҳодшуда, талабот ба иштирокчиён, тартиби пешниҳод ва муҳлати  озмунро  ба низом дароварда, то анҷоми чорабиниҳои озмунӣ  амал мекунад.

 

1.2  Ташкилотчӣ:

Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри  Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе.

 

1.3 Зери мафҳуми «Лоиҳа» лоиҳаи ангорӣ дар доираи талаботҳои техникии коркарди лоиҳаи «Ороиши технологӣ ва мавзӯии хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе» фаҳмида мешавад.

 

Маводҳои пешниҳодшаванда:

 

- Албоми коғазии формати А3 бо элементҳои ангории лоиҳа ва фотомонтажи ҷои ҷойгиркунонӣ (насбнамоӣ);

- Асосноккунии тахминии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ва элементҳои алоҳидаи он;

- Муаррифӣ ва намоиши лоиҳа (дар баробари муаррифӣ тавассути барандаҳои коғазӣ метавонад навори видеоии шарҳи овоздорӣ на зиёдтар аз 5 дақиқа бошад).

- Лоиҳа бояд дорои маълумоти мухтасари эстетикӣ, техникӣ-иқтисодӣ бошад.

2. Ҳадафҳои озмун

2.1 Баррасӣ, муҳокима ва баҳогузории лоиҳаҳо аз нуқтаи назари навовариҳои ҷаҳони муосир аз нигоҳи технологию техникӣ, шартҳои амалишавӣ ва муайян намудани ғолибони номинатсияҳои озмун.

2.2 Интихоби лоиҳаҳои барои  корҳои ороишӣ дар  шаҳри Душанбе аз ҷониби довталабон (шахсони ҳуқуқӣ) пешниҳодшуда.

2.3 Тавассути озмуни мазкур муайян  намудани нақши шаҳри Душанбе - ҳамчун пойтахти ҷумҳурӣ, шаҳри Сулҳ ва макони татбиқи Иқдомоти Глобалии Созмони Милали Муттаҳид дар бахши «Шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон».

2.4  Тавассути равшанидиҳии хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонӣ, дарахту сабзазор ва гулгаштҳо ба таври назаррас нишон додани пойтахт ҳамчун шаҳри аз нуқтаи назари меъморӣ ҷавон ва сарсабзу хуррам. 

 

3. Шартҳои иштирок дар озмун

3.1 Дар озмун шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷие, ки лоиҳаҳояшон ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ мебошанд, иштирок карда метавонанд.

3.2 Дар ҳар як лоиҳа хусусиятҳои зерин ба инобат гирифта шаванд:

- ороиши роҳҳо ва биноҳои шаҳри Душанбе аз руи мавзуъҳо  дар алоқамандӣ бо роҳҳои магистралӣ, манзараву намуд, равшанидиҳии роҳҳо, равшанидиҳии пиёдаравҳо, равшанидиҳии дарахту гулгаштҳо ва консепсияи интихоби рангҳо мувофиқи талаботи техникӣ.

3.3 Лоиҳаи пешниҳодшуда бояд ҷавобгӯи талаботҳои зерин бошад:

- барои  шаҳри Душанбе пешбинишуда;

- аз ҷиҳати  техникӣ амалишаванда;

- ба нақшаи шаҳрсозӣ ва меъмории шаҳр  мутобиқ;

- элементҳои нави замонавӣ дошта;

- аз ҷиҳати иқтисодӣ амалишаванда;

- аз ҷиҳати  энергетикӣ  каммасраф.

3.4 Лоиҳаҳои пешниҳодшаванда бо нишонии шахси ҳуқуқӣ ва роҳбари он ба Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» аз 1 август то 11 сентябри соли 2013 ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 18 ё суроғаи электронии dushanbereklama2013@gmail.com ирсол карда шаванд.

3.5 Лоиҳаҳо на дертар аз 14 сентябри соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз тарафи муаллифон ба таври расмӣ  муаррифӣ карда мешаванд.

Ба ҳар як муаллиф барои муаррифӣ 5-7 дақиқа вақт ҷудо карда хоҳад шуд. Бо лоиҳа албоми нақшаҳои техникӣ, ҳисобҳои иқтисодӣ ва албоми тасвирҳои ниҳоӣ низ бояд пешниҳод карда шаванд.

Мутахассисони Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ба коркарди лоиҳаҳои иштирокчиён ёрии машваратӣ хоҳанд расонд.

4. Тартиби муайян намудани  ғолибон

              4.1 Комиссияи озмун оид ба «Ороиши технологӣ ва мавзӯии хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе» корро дар асоси китоби бақайдгирии иштирокчиён ба роҳ монда, тамоми ҷаласаҳои  баҳогузории  лоиҳаҳои  пешниҳодшударо дар шакли протокол ба расмият медарорад.

Комиссия бо лоиҳаҳо  шинос шуда, ба онҳо аз рӯи сифатҳои зерин баҳогузорӣ менамояд:

- ҷиҳати оригиналию эстетикии идеяи дизайнерӣ;

- ҷиҳати қобили амал будани лоиҳа;

- ҷиҳати навовариҳои техникии лоиҳа;

- нишондодҳои иқтисодии лоиҳа.

4.2 Баъд аз муаррифии расмии лоиҳаҳои иштирокчиёни озмун ғолибон дар муддати то 3 рӯз муайян хоҳанд гашт.

4.3 Комиссия метавонад лоиҳаҳоеро, ки ба тартиби мазкур  ҷавобгӯ нестанд, рад намояд.

5. Ҷамъбасти натиҷаҳо

5.1 Ҷамъбасти натиҷаҳои озмун санаи  13 сентябри соли 2013 баргузор мегардад.

5.2 Тибқи натиҷаҳои озмун ғолибон аз рӯи 4 номинатсияи зерин қадрдонӣ карда шаванд:

 

-Ороиши беҳтарини роҳҳои магистралӣ ва майдонҳои шаҳрӣ;

-Конструктсияи ороишии беҳтарин;

-Беҳтарин ороиши  равшанидиҳии биноҳо;

-Беҳтарин ороиши  равшанидиҳии дарахту гулгаштҳо.

            5.3 Ба ғолибони ҳар як номинатсия барои дар амал татбиқ намудани лоиҳа афзалият дода мешавад.

6.      Маълумот дар бораи баргузории озмун

6.1 Маълумот оид ба баргузории озмун ва натиҷаҳои он дар васоити ахбори умуми пойтахт ва сомонаи интернетии www.dushanbe.tj ҷойгир мегардад.