Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 August 2013

Қарори раиси шаҲри Душанбе №495-1 аз 06.08.2013

 

Дар бораи баргузории Фестивали фарҳангиву сайёҳии «Мероси Роҳи Абрешим»

 

Муроҷиати  ташкилоти ҷамъиятии «Хадамоти волонтёрӣ дар хориҷа (VSO)» С-714 аз 31 майи соли 2013 дар хусуси гузаронидани Фестивали фарҳангиву сайёҳии  «Мероси Роҳи Абрешим» дар Боғи маданӣ – истироҳатии «Ғалаба» - ро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

 

1.       Ба ташкилоти ҷамъиятии «Хадамоти волонтёрӣ дар хориҷа (VSO)» барои доир намудани Фестивали фарҳангиву сайёҳии  «Мероси Роҳи Абрешим» санаи 31 августи соли 2013 аз соати  10-00 то 18-00 мутобиқ ба сенарияи замимагардида дар Боғи маданӣ – истироҳатии «Ғалаба» иҷозат дода шавад.

2.       Сенарияи баргузории Фестивали фарҳангиву сайёҳии «Мероси Роҳи Абрешим» ба инобат гирифта шуда,  сохторҳои дахлдори шаҳрӣ баргузории онро мутобиқ ба сенарияи замимагардида дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Хадамоти волонтёрӣ дар хориҷа (VSO)» дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таъмин намоянд.

3.       Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи маданӣ – истироҳатии «Ғалаба», шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ва дигар сохторҳои мурбута, вобаста ба самти фаъолияташон, барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабинии мазкур дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Хадамоти волонтёрӣ дар хориҷа (VSO)»  ҳамкориро ба роҳ монанд.  

4.       Раёсати Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе якҷоя бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе  барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сўхторхомўшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанберо дар замон ва макони  баргузории чорабинӣ таъмин намоянд.

5.       Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

6.       Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ