Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 August 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №495-4 аз 06.08.2013

 

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншооти варзишии оммавӣ» - и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади рушду инкишофи тарбияи ҷисмонию варзиш ва оммавӣ гардонидани он, танзими фаъолияти иншооти варзишии аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бунёдгардида ва мувофиқи мақсад истифодабарии онҳо, фароҳам овардани имконоту шароити комил барои камолоти  варзишгарони касбӣ аз ҳисоби наврасону ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ва ба ин васила ба низом даровардани фаъолияти онҳо мутобиқи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 32 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 8  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.    Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншооти варзишии оммавӣ» - и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.

2.    Қурбонов Д.М. – сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаро таҳия ва тибқи талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ Оиннома, шумораи кормандон ва фонди музди меҳнати муассисаро барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

3.     Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

4.    Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.    Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини  Раиси  шаҳри  Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ