Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 August 2013

17 августи соли 2013 дар доираи татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №171 аз 10 апрели соли 2012 «Дар бораи ба низом даровардани масъалаҳои вобаста ба тақсимоти замин, додани қитъаҳои замин ба сокинони шаҳри Душанбе аз кварталҳои 14-15 маҳаллаи «Ховарон», лоиҳакашӣ, сохтмони манзили шахсӣ ва корҳои сохтмонии роҳҳо, коммуникатсия ва инфрасохторҳо  дар  кварталҳои  мазкур»  ҷаласаи сайёри шаҳрдорӣ таҳти садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳрию ноҳиявии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисон ва ҳайати Комиссияҳои ҷамъиятии назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри  Душанбе ва ноҳияҳо он  оид ба назорати тақсимоти қитъаҳои  замин  дар маҳаллаи «Ховарон» баргузор гардид.

         Дар ҷаласа зикр гардид, ки тибқи Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе бо инобати протоколи комиссияҳои ҷамъиятии ноҳиявӣ ба 712 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд, аз ҷумла дар ноҳияи Сино-208  нафар, ноҳияи Шоҳмансур-168 нафар, ноҳияи  Фирдавсӣ-168 нафар  ва  ноҳияи И.Сомонӣ-168 нафар, инчунин дар асоси қарорҳои марбутаи Раиси шаҳр иловатан ба 15 нафар сокинони шаҳр дар маҷмуъ 727 қитъаҳои замини масоҳаташ 0.03 (сифр аз сад се) га, барои истифодаи бемӯҳлат ҷиҳати сохтмони хонаҳои истиқоматии инфиродӣ дар кварталҳои 14-15 маҳаллаи «Ховарон» дар доираи Нақшаи генералии тарҳрезишуда ҷудо карда шудаанд.

  Бо дарназардошти ин ва баҳри таъмини волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ дар баррасии муроҷиатҳо, инчунин роҳ надодан ба тақаллубкориҳо зимни шомил кардани шаҳрвандони муроҷиаткарда ба рӯйхати мутобиқ ба протоколи комиссияҳои ҷамъиятии ноҳиявӣ бо қарорҳои раисони ноҳияҳо пешниҳошуда, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба роҳбарони сохторҳои шаҳрию ноҳиявии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки на дертар аз 23 августи соли 2013 санҷиши дақиқи рӯйхатҳоро ба анҷом расонида, хулосаҳояшонро унвонии шаҳрдор манзур созанд.

Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол аз ҷониби Раёсати  сохтмони  асосии  шаҳри Душанбе ҳамчун фармоишгар лоиҳакашӣ ва сохтмони хатҳои муҳандисии беруна, роҳҳо, ирригатсия, обтаъминкунӣ, корезӣ, барқтаъминкунии кварталҳои 14 ва 15 оѓоз гардидааст. Масъалаи ҷудо кардани сарҳади 727 қитъаҳои замин ва нишонагузории онҳо феълан тибқи дастури шаҳрдор аз ҷониби Кумитаи заминсозӣ ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе идома дошта, тақсимоти он 27 августи соли 2013 тариқи қуръапартоӣ бо иштироки 727 нафар сокинони шаҳр амалӣ карда мешавад.