Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 August 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №504 аз 13 августи соли 2013

 

Дар бораи баргузории озмуни такрорӣ баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳа ва интихоби пудратчии асосии иншооти  сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе»

 

Бинобар сабаби ба талаботи шартҳои озмун ҷавобгў ва қобили қабул набудани пешниҳоди довталабон баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе» ва дар робита бо ин ба миён омадани зарурияти гузаронидани озмуни такрорӣ, бо дарназардошти мактуби Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №175 аз 24 июни соли 2013, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 23, моддаҳои 37 ва 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.   Бинобар сабаби ба талаботи шартҳои озмун ҷавобгў ва қобили қабул набудани пешниҳодоти довталабон баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе» озмуни харид, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №109 аз 21 феврали соли 2013 «Дар бораи баргузории озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе» эълон шуда буд,  бекор карда шавад.

2.   Баҳри дарёфти интихоби беҳтарин лоиҳа ва пудратчии асосии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе» байни лоиҳакашон -шахсони воқеиву ҳуқуқии ватанию хориҷии салоҳиятнок аз 15 август то 21 сентябри соли 2013, бо ҷамъбасти ниҳоӣ на дертар аз 25 сентябри  соли 2013, тариқи иштироки номаҳдуд, озмуни такрорӣ эълон карда шавад.

3.   Шартҳои замимагардидаи гузаронидани озмуни такрорӣ баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳа ва интихоби пудратчии асосии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе» тасдиқ карда шавад.

4.   Комиссияи озмуни такрорӣ дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, эълони шартҳои озмунро тибқи шартҳои  гузаронидани он тавассути васоити ахбори омма, аз ҷумла сомонаи интернетии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба табъ расонда, ҷамъбасти онро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 25 сентябри  соли 2013 таъмин намояд.

5.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути сомонаҳои интернетию васоити ахбори омма таъмин намояд.

6.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми  Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

               М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

                                                                                                        Замима                     

                                                                         ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

               504 аз 13 августи соли 2013

Ҳайати

 

Комиссияи озмуни такрорӣ баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳа ва  интихоби пудратчии асосии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе»

 

 

1.

Зуҳуриддинов Б.А.

-президенти Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссия (дар мувофиқа);

2.

Ёқубов Н.Х.

-профессори кафедраи «Меъморӣ ва сохтмони шаҳрсозӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ (муовини раиси Комиссия);

 

 

Аъзои комиссия:

3.

Франк –Михаель Адам

-эксперти дараҷаи байналхалқи оиди баҳогузории амволи ғайриманқул;

4.

Зуҳуритдинов С.А

-директори ҶСК  «Саноатсоз»;

5.

Муҳудинов З.М.

-директори Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе;

6.

Юсупов Б.Н

-раиси Итифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа);

7.

Файзуллоев Қ.

-сардори Сарраёсати меъмории шаҳри Душанбе;

8.

Анваров С.С.

-сардори Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

9.

Ахмедов Ҷ.Ҷ.

-директори ҶСК «Пажуҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷўии  САНИИОСП»;

10.

Шарипов Ҳ.С.

-мудири шуъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе;

11.

Ғуломова Ф.Р.

-сармутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мутахассиси дорои сертификати харид.

 

 

 

Замима ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№ 504 аз 13 августи  соли 2013

 

Шартҳои

озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин  лоиҳа ва интихоби  пудратчии асосии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе» 

 

1.      Ҳолатҳои умумӣ

1.      Озмун бо ширкати лоиҳакашони ватанию хориҷии салоҳиятнок баҳри дарёфти беҳтарин  лоиҳа ва интихоби  пудратчии асосии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе»  дар шакли кушод гузаронида мешавад.

2.      Мақсади асосии озмун аз дарёфти беҳтарин  лоиҳа ва интихоби  пудратчии асосии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе», ки дорои салоҳияти касбӣ дар сатҳи байналмилалӣ бошад, иборат аст.

3.      Муҳлати пешниҳоди дархостҳо бо қайди «Барои озмун» ҷиҳати иштирок: - то 21 сентябри соли 2013.

4.      Шахси қабулкунандаи дархостҳо ва суроғаи ҳуқуқии он: - Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, воқеъ дар:

            734018, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кўчаи Н.Қарабоев 24,

почтаи электронӣ: e-mail: zokirk@yandex.ru

5.      Дархостҳои пешниҳодшуда дар китоби алоҳида бо санаи дохил шудани он ба қайд гирифта  шуда, дархостҳои баъди санаи дар банди 4-уми шартҳои мазкур пешниҳодгардида қабул ва баррасӣ намегарданд.

 

2. Номгўи ҳуҷҷатҳои ба довталабон пешниҳодшаванда:

а)Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар  бораи  баргузории озмуни

кушоди байналмилалӣ ва Низомномаи озмун;

б)Навори нави топографии маҳалли бунёди Аквапарк;

в) Тавсиф ва маълумоти умумии қитъаи замин, супориши техники.

 

3. Номгўи ҳуҷҷатҳои аз ҷониби довталабон пешниҳодшаванда:

       Довталабон ба Комиссияи озмунӣ мактуби ёддоштӣ дар ҳаҷми на кам аз 2 саҳифаи чопӣ ирсол намуда, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба он замима намоянд:

         1.Иҷозатнома (Литсензия) барои фаъолияти лоиҳакашӣ;

         2.Харҷномаи  корҳои лоиҳакашии иншоот;

         3.Харҷномаи корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ  бо дарназардошти таҷҳизоти ҳозиразамон ва васлу санҷиши он;

         4.Маълумот оиди корҳои қиёсии иҷронамудаи довталаб бо тавсияҳои (отзыв) фармоишгар;

         5.Муҳлати иҷрои корҳои лоиҳавӣ-харҷномавӣ ва корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ;

         6.Варақаи маънидодӣ (на камтар аз ду саҳифа);

         7.Нақшаи генералии иншоот дар масоҳати М1:500 ё М1:1000;

         8.Нақшаи ангории иншоот.

       Ҳамаи ҳуҷҷатҳо бояд дар дохили лифофа, ки дар тарафи чапи   он номи рамзӣ (девиз) иборат аз 5 ҳарф ё 5 рақам сабт шудааст, мавҷуд бошанд (баландии  навиштаҷот 20мм-ро ташкил диҳад).

      

4.Тартиби баррасии дархостҳо ва ҷамъбасти озмун:

 

1.        Дархостҳоро Комиссияи озмунӣ дар ҷаласаи худ 23 сентябри  соли 2013 баррасӣ менамояд.

2.        Муҳокима ва таҳлили дархостҳо таври озод сурат гирифта, довталабе ғолиби озмун эътироф мегардад, ки ба шартҳои озмун пурра ҷавобгўй буда, лоиҳаи беҳтаринро пешниҳод намояд.

3.        Комиссия ғолиби озмунро дар асоси овоздиҳии кушод муайян менамояд. Дар сурати баробар будани овозҳо, овози раискунандаи ҷаласа ҳалкунанда мебошад.

4.        Раванди ҷаласа ва Қарори комиссия дар протокол сабт мегардад ва фавран барои қабули қарори дахлдор ба роҳбари ташкилоти харидор-Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

 

УСЛОВИЯ

проведения открытого конкурса для отбора лучшего проекта и генподрядчика незавершенного строительства объекта «Аквапарк в городе Душанбе».

 

1.Общие положения

1.Конкурс для отбора лучшего проекта и генподрядчика  незавершенного строительства объекта «Аквапарк в городе Душанбе» будет  проводиться открыто.

2.Основной целью конкурса является отбор лучшего проекта и генподрядчика незавершенного строительства объекта «Аквапарк в городе Душанбе», имеющего международный профессиональный опыт.

3.Срок подачи заявок на участие в конкурсе до 21 сентября 2013 года с пометкой «Для конкурса».

4.Заявки принимаются по адресу: Управление капитального строительства города Душанбе, 734018, Республика Таджикистан, город Душанбе, улица Н.Карабаева-24, тел.(+992 37) 2211445, электронная почта e-mail: zokirk@yandex.ru

5.Полученные заявки будут зарегистрированы по мере поступления в специальной книге. Заявки поступившие по истечению срока, указанного срока в п.4 данного Положения,   рассмотрению не подлежат.

 

2.Перечень документов, представляемых претендентам

а)Постановление председателя города Душанбе о проведении конкурса и Условия  конкурса;

б)Исполнительная съёмка участка Аквапарка;

в)Характеристика и общие сведения участка, техническое задание.

 

3.Перечень документов, представляемый претендентами

1.Лицензия на осуществление проектной деятельности.

      2.Представить ориентировочную стоимость проектных работ;

3.Представить ориентировочную стоимость строительно-монтажных работ, с учетом современного оборудования, монтаж и пуско-наладки.

4.Сведения о выполнения аналогичных работ с отзывом заказчиков.

5.Срок выполнения проектных и строительно-монтажных работ;

6. Краткая пояснительная записка (не  менее 2 страниц);

7. Генеральный план в масштабе М 1:500 или М1:1000;

8.Эскизный проект объекта.

 Все документы должны быть помещены в конверт, на левом углу которого должно быть указано кодовое наименование (девиз), составленное из 5 букв или 5 цифр (высота букв не должна превышать 20 мм).

 

4.Порядок рассмотрения заявок и итоги конкурса

 

1.Заявки будут рассмотрены конкурсной комиссией на заседании 23 сентября 2013 года.

2.Рассмотрение и анализ заявок будут осуществлены открыто, победившим конкурс будет признан претендент, полностью отвечающий требованиям и условиям конкурса, представивщий наилучший проект.

3.Комиссия определяет победителя конкурса на основания открытого голосования. В случае, если число голосов равное, решающим считается голос председательствующего на собрании.

4.Ход собрания и постановление комиссии будут запротоколированы и представлены для принятия соответствующего решения Председателю города Душанбе.

 

 

Характеристика участка и общие сведения.

Общая схема территории аквапарка.