Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 September 2013

Қ А Р О Р И  Р А И С И   Ш А Ҳ Р И    Д У Ш А Н Б Е №526  аз 22.08.2013

 

Дар бораи  баргузории дуюмин фестивали

автомобилҳои  коллексионӣ дар шаҳри Душанбе 

 

Муроҷиати роҳбари гуруҳи ташаббусии дусторон ва соҳиб-мулкони ретро автомобилҳои шаҳри Душанбе Артём Гейвандовро аз 16-уми августи соли 2013 таҳти №Ф/с-816 баррасӣ намуда, бо дарназардошти мактуби Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе №1791 аз 17-уми августи соли 2013 ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани дуюмин фестивали автомобилҳои коллексионӣ дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қарор мекунам:

1. Ташаббуси дӯстдорон ва соҳибмулкони ретро автомобилҳои шаҳри Душанбе 21 сентябри соли 2013 аз соати 9:00 то соати 12:00 дар шаҳри Душанбе дуюмин фестивали автомобилҳои коллексионӣ дар майдончаи назди роҳи ҳалқавии буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозӣ баргузор ва паради автомобилҳои коллексионӣ дар самти кӯчаи Карамов, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С.Айнӣ ва А.Дониш гузаронида шавад.

2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.) бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро ҳангоми гузаронидани фестивал ва паради автомобил-ҳои коллексионӣ таъмин намояд.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин гардонад.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

                                                                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ