Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 September 2013

Бо мақсади дар арафаи таҷлили ҷашни 22-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кӯмаки моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони рафъи садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, оилаҳои камбизоат ва оилаҳое, ки дар онҳо ду ва зиёда аз он маъюбон зиндагӣ мекунанд ва кормандони сохторҳои марбутаи коммуналию хизматрасонӣ, роҳбарони сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятию комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 8 ва 9  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №3 аз 5 январи соли 2005 «Дар бораи дастгирии фаъолияти эҳсонкорӣ» 

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино) барои дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар доираи санадҳои амалкунандаи меъёрии ҳуқуқӣ расонидани кӯмаки моддӣ ба хонаи пиронсолон, мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакону тифлон, муассисаҳои иҷтимоии шаҳрӣ ва оилаҳои камбизоат мусоидат намоянд.

2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 3 605 950 (се миллиону шашсаду панҷ ҳазору нуҳсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷиҳати расонидани кӯмакпулии моддӣ, аз ҷумла        1 636 550 (як миллиону шашсаду сию шаш ҳазору панҷсаду панҷоҳ) сомонӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳое, ки дар онҳо ду ва зиёда аз он маъюбон зиндагӣ мекунанд (тибқи замимаи №1) ва маблағи 1 863 000 (як миллиону ҳаштсаду шасту се ҳазор) сомонӣ ба кормандони Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи мадании истироҳатии «Ғалаба», Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо»-и (боғи устод Рӯдакӣ) зертобеи «Муассисаи давлатии Сарраёсати кабудизоркунии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе», Муассисаи давлатии «Раёсати оромгоҳҳои»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе (тибқи замимаи №2) ва маблағи      106 400 (як саду шаш ҳазору чорсад) сомонӣ ба роҳбарони сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятию комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе (тибқи замимаи №3)  ҷудо намояд.                                                 

3. Муқаррар карда шавад, ки тақсимот ва супоридани маблағҳои аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар банди 2 ҳамин қарор зикргардида тавассути муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои шаҳр то 7 сентябри соли равон тариқи зайл ба роҳ монда мешавад:

- ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва оилаҳое, ки дар онҳо ду ва зиёда аз он маъюбон зиндагӣ, мекунанд, аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе (ноҳияи Шоҳмансур – Оев А. М., ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Раҳимова С. Ҳ., ноҳияи Сино – Хайруллоев Н. ноҳияи Фирдавсӣ – Назаров Б.), бо иштироки намояндагони Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо; 

- ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби  муовинони Раиси шаҳри Душанбе (ноҳияи Шоҳмансур-Оев А. М., ноҳияи И. Сомонӣ - Раҳимова С. Ҳ., ноҳияи Сино-Хайруллоев Н., ноҳияи Фирдавсӣ - Назаров Б.) бо иштироки намояндагони Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе.

- ба роҳбарони сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятию комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе.

 4. Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Қаюмов А.) истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо мувофиқи тартиби муайянгардида таъмин намояд.

5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма ба роҳ монад.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.  гузошта шавад.   

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ