Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 September 2013

6 cентябри соли 2013 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати меҳмонони бародаршаҳри Душанбе аз Ройтлингени Олмонро таҳти сарварии аъзои Маҷлиси шаҳрии Ройтлинген ҷаноби Юрген Штрауб, ки таи чанд рӯз аз Тоҷикистон дидан доштанд, бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Раиси шаҳр аз ташрифи меҳмонон изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд, ки робитаҳои ҳасанаи бародаршаҳрӣ имрӯз имкон медиҳанд, ки дар радифи табодули таҷрибаи ҳамкориҳои ҷойдошта дар соҳоти фарҳанг ва маорифу тандурустӣ бахши сайёҳӣ низ рушд карда бошад.

Ҷаноби Юрген Штрауб аз пазироӣ ва муҳтавои суҳбати анҷомгирифта изҳори сипосмандӣ намуда, ба Маҳмадсаид Убайдуллоев номаи шодбошии Обербургомистери Ройтлинген хонум Барбара Бошро ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон расонида, аз бардоштҳои неки худ оид ба пешрафтҳои  Тоҷикистон, пеш аз ҳама пойтахти он шаҳри Душанбе ибрози ақида намуданд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифта, дар фарҷом Маҳмадсаид Убайдуллоев бо истифода аз ҳузури меҳмонон Обербургомистери Ройтлинген хонум Барбара Бошро ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои марбут ба ҷашни 90- солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе даъват кард.