Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 September 2013

16 сентябри соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони зидахли субъектҳои ҷумҳуриявӣ, Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  оиди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №122 аз 30 марти соли 2013 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014” ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №227 аз 18 апрели соли 2013 «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014»  баргузор гардид.

Зимни таҳлили амиқ аз ҳолати омодагиҳо, қабл аз ҳама таъминоти иншооти дар марзи шаҳр мавҷуда бо гармӣ ва оби гарм дар мавсими пешорӯ зикр гардид, ки бо иловатан ба истифодадиҳии иқтидорҳои дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ»-и Ҷамъияти саҳомии навъи кушоди  «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» ва Маркази барқу гармидиҳии №2 бо сӯзишвории дар заминаи коркарди ангишти ватанӣ истеҳсолшуда, феълан сохторҳои марбутаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» имкон доранд бо иқтидори истеҳсоли наздики 200 Гкал/соат, билкул ба 14,7 %-и муштариёни шаҳр хизматрасониашонро пешниҳод созанд.

Зеро талаботи воқеии шаҳр  беш аз 1260 Гкал/соат-ро ташкил медиҳад ва дар мавсими пешорӯ тамоми минтақаҳои шаҳрро бо гармӣ ва оби гарм таъмин намудан, номумкин буда, ҳаҷми корҳои анҷомгирифта дар дегхонаи “Ғарбӣ” мутаассифона ғайриқаноатбахш мебошад.

Вобаста ба манбаъҳои гармиистеҳсолкунӣ дар ҷаласаи Ситод қайд гардид, ки ҳаҷми умумии интиқоли энергияи гармӣ дар мавсими гармидиҳии пешистода, бе назардошти фаъолияти МБГ-2,  114,42 Гкал/соат-ро ташкил менамояд. Аз ҷумла, дар Маркази барқу гармидиҳӣ дар мавсими гармидиҳии пешоянд интиқоли 48,56 Гкал/соат  энергияи гармӣ ё худ дар хатти «Чап-2» дар сатҳи 13,6% ба нақша гирифта шудаасту халос. 

Проблемаи асосӣ чун ҳамасола ин масъалаи таъминоти сӯзишворӣ мебошад. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №122 аз 30 марти соли 2013 харидории (захиракунии) 35 ҳазор тонна мазути камсулфур ба назар гирифта шудааст, аммо мутаассифона  то 11 сентябри соли ҷорӣ ҳамагӣ 6547 тонна (18,7 %) ворид карда шудааст.

Дар дегхонаи «Ғарбӣ» сохтмони хатти истеҳсоли сӯзишвории сунъии композитсионӣ (ССКМ) ва 2 адад деги обгармкунии КВГМ-35/150 идома дорад.

Арзиши умумии сохтмону ба истифода додани иншоот 52,5 млн сомонӣ буда, то имрӯз 37 млн сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст, аз ҷумла 31,68 млн сомонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои лоиҳаи мазкур (пешпардохт аз ҳисоби истифодабарии барқ) дастгирии молиявӣ шудааст ва умуман корҳо аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳамагӣ дар сатҳи 65 фоиз иҷро карда шудаанд.

Барои пурра ба анҷом расонидани сохтмони иншоот ва ба истифода додани он боз 13,5 млн сомонӣ (барои сохтмони амбор, харидории маводи зарурӣ ва анҷоми корҳои васлу насб) зарур мебошад.

Ҷои таъкид аст, ки дар ҳолати ҳал гардидани масъалаи маблағгузорӣ аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик», тибқи ҷадвали иҷрои корҳо, иншоот дар моҳи ноябри соли 2013 ба истифода дода хоҳад шуд.

Проблемаи дигар, ин таъминоти иншооти мазкур бо сӯзишворӣ мебошад. Талаботи ангишт барои иншооти мазкур дар мавсим (90 рӯз) 28 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва дар дегхона то 10 сентябри соли 2013 ҳамагӣ 618 тонна ангишт захира карда шудаасту халос.

Минтақаҳои муайянгардидаи интиқоли энергияи гармӣ аз дегхонаи «Ғарбӣ» бо иқтидори 53,76 Гкал/соат шаҳракҳои Зарафшон 1-1, 2-1, 2-2, Испечак-1, шаҳраки 102-и ноҳияи Синоро дар бар мегирад.

Дар дегхонаи «Шарқӣ» бо вуҷуди аз ҷониби фармоишгар  КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» ба анҷом расонидани васли таҷҳизотҳои истеҳсоли газогенератории №1 ва №2 мутаассифона ҳеҷ кадоме аз иншоот то ҳанӯз  барои қабул ба  комиссияи давлатӣ пешниҳод нашудааст. 

Ҳамзамон, проблемаи дигар ин таъминоти сӯзишворӣ - ангишти хушсифат барои иншооти мазкур мебошад, ки он низ ба уҳдаи КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» вогузор шудааст.

Талаботи ангишти тозаи фраксияи 20-40 мм тибқи талаботи кори устувори таҷҳизотҳои истеҳсоли газогенераторӣ дар мавсим 7200 тоннаро ташкил медиҳад (2 таҷҳизоти х 40 тонна хароҷоти ангишт дар 1 шабонарӯз х 90 шабонарӯз кори дегхона), аммо ба ҳолати 10 сентябри соли 2013 кашонидани ангишт барои захира ба ин дегхона оғоз нагардидааст.

Аз дегхонаи «Шарқӣ» бо истеҳсоли 12,1 Гкал/соат бо назардошти ба кор даровардани таҷҳизотҳои истеҳсоли газогенераторӣ №2 интиқоли гармӣ ба Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе пешниҳод мешавад.

Дар Маркази барқу гармидиҳии №2 (МБГ№2) бошад корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати «TBEА» Ҷумҳурии Халқии Хитой идома дошта, соли ҷорӣ ба кор даровардани як адад турбоагрегат бо тавоногии истеҳсоли 50 МВт қувваи барқ ва 45 Гкал/соат энергияи гармӣ ба нақша гирифта шудааст.

Интиқоли энергияи гармӣ аз ин иншоот бо таври пӯшида бо сохтмони бунгоҳи гармитақсимкунӣ ва сохтмони 3 км хатти интиқоли гармӣ ва пайвасти он ба хатти «Чап-1» шарти техникӣ пешниҳод карда шудааст.

Талаботи шабонарӯзаи истифодаи ангишт барои истеҳсоли 50 МВт қувваи барқ ва 45 Гкал/соат энергияи гармӣ 31 тонна буда, дар мавсим (90 шабонарӯз) 67 ҳазор тонна ангиштро ташкил медиҳад ва то имрӯз 10,1 ҳаз. тн ангишт захира гардида, воридоти он идома дорад.

Масъалаи ҳалталаби иншооти мазкур, ин сохтмони бунгоҳи гармитақсимкунӣ мебошад, ки бояд аз ҷониби фармоишгар – ШСХК «Барқи Тоҷик» ва пудратчии он - ширкати «TBEА» Ҷумҳурии Халқии Хитой оғоз ва на дертар аз 30 ноябри соли равон ба истифода дода шавад.

Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе бошад дар доираи чорабиниву нақшаҳои тасдиқгардида то 10 сентябри соли ҷорӣ таъмири ҷории 21 адад (91,0%, нақша 23 адад) дегҳои гармидиҳиро иҷро намуда, ҳамзамон барқарорсозии шабакаҳои гармидиҳандаро ба миқдори аз 21,0 км нақшавӣ 18,9 км (90,0%) таъмир ва 2,53 км (90,4 %, нақша 2,8 км) иваз кардааст.

Инчунин дар ҷаласа қайд гардид, ки вобаста ба омодасозии иншоотҳои барои қабули гармӣ ба нақшагирифташуда, самтҳои гармитаъминкунӣ муайян карда шуда, дар якҷоягӣ аз ҷониби корхонаи мазкур бо сохторҳои дахлдори ноҳияҳои шаҳр ва ҷалби бевоситаи соҳибмулкони манзил санҷиши биноҳо бо суръат идома дошта, тибқи тартиби муайяншуда шиносномаҳои тайёрӣ дастрас гардида истодаанд ва ин маъарака дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонида мешавад.

Бо хулоса аз натиҷагириҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар сохт, ки комиссияи депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти прокуратура воқеияти корҳои анҷомдодаи омодагиро чӣ аз ҷониби сохторҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин мавриди санҷиш қарор диҳад.