«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 April 2010

23 апрели соли 2010 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосияи мазкур дар радифи аъзои тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуд.

Куҳансолтарини аъзои Маҷлиси миллӣ- нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов тибқи тартиби муқаррарнамуда, иҷлосияро сарварӣ кард.

Аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масоили фарогири он шурӯъ намуданд.

Қабл аз ҳама аъзои Мачлиси миллӣ бо таъсиси Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро матраҳ намуданд.

Садри иҷлосия Қаҳҳор Маҳкамов  ба ҳайси номзад ба Раисии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии аъзои Маҷлиси миллӣ номзадии узви Маҷлиси миллӣ аз шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоевро пешниҳод намуд.

Зимни музокираҳо оид ба ҷонибдории пешниҳоди мазкур азъои Маҷлиси миллӣ  Муним Холиқов, Саъдулло Хайруллоев ва Мамадшо Илолов бо таъкиди паҳлӯҳои арзандагӣ ва потенсиали зеҳниву воқеии номзад дар иҷрои бо масъулиятонаи мансаби мазкур ва иродаву мавқеи ӯ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи Президенти мамлакат оид ба фароҳам овардани шароитҳои арзанда дар ташаккули озодонаи шаҳрванд ва инсон, таъмини волоияти қонун дар муносибатҳои рӯзмарраи ҷомеа, ки аз асосҳои конститутсионӣ маншаъ мегиранд,  даъват ба миён оварданд, ки дар мансаби интихобӣ номзадии    Маҳмадсаид Убайдуллоев дастгирӣ карда шавад.

Зимни интихоботи пӯшида ва натиҷаи варақахои интихоботӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳайси Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи шаффофу демократӣ интихоб карда шуд.

Сипас, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сипосандӣ аз ифодаи иродаи интихобкунандагон - аъзои Маҷлиси миллӣ, боварии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкиди омодагиву дарки масъулияти беназир дар  иҷрои вазифаи мазкур  ба кори иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум идома бахшид.

Тибки рӯзнома аз ҷониби азъои Маҷлиси миллӣ муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ ва раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва комиссияи марбутаи он интихоб карда шуданд.

Дар асоси баррасии масъалаҳо Қоҳир Расулзода – муовини якум ва Қосими Қосим муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мамадшо Илолов - раиси Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои  инсон, шаҳрванд ва қонуният, Муним Холиқов - раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори умум  ва робитаҳои байнипарлумонӣ, Матлубхон  Давлатов – раиси Кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, Давлатшо Гулмаҳмадов- раиси Кумита оид масъалаҳои аграрӣ, шуѓли аҳолӣ ва экология,  Убайдулло Қурбонов – раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа ва Сайдулло Хайруллоев- раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва одоби аъзоён интихоб гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосия суханронӣ намуда, аъзои Маҷлиси миллӣ ва роҳбарияти нави онро оид ба интихоб шуданашон дар ин вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти олии қонунгузори кишвар  самимона шодбош карда, дар самти иҷрои вазифаҳои пурмасъулият дастуру ҳидоятҳои мушаххаси хешро ироа намуд, ки мавсуф дар ин ҷода чун ҳамеша масъулияти ҳамарӯзаро  баҳри фароҳам овардани фазои ҳуқукии кишвар ва муаррифии он дар сатҳи институтҳои минтаквию байналмилалии парламентӣ сафарбар созанд.

Дар иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ дар доираи салоҳияти худ пешниҳодоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бозхонд намудани Абдулҳаким Мирзоев ва ба вазифаҳои судяи Суди Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъин намудани Исмон Гиёев, Алпомиш Акбаров, Сафаралӣ Абдураҳимов, Турон Қувватова, Гулнора Вазирова, Насиба Ҷӯраева  ва Насимҷон Эҳсоновро дар радифи ба вазифаи муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин намудани Абдулҳафиз Ашӯров ва ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин намудани Ховар Назарова ҷонибдорӣ карданд.

Ҳамзамон дар иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ 161 нафар машваратчиёни халқии Судии Олии Ҷумҳурии Точикистон ва 264 нафар машваратчиёни халқии Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.

Бо ҳамин иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум таҳти сарварии Маҳмадсаид Убайдуллоев ба кори худ хотима бахшид.

 

Ёвари Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма

ва созмонҳои ѓайридавлатӣ                                                 Ш. Саидов