Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 September 2013

21 сентябри соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии Ситод оиди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №122 аз 30 марти соли 2013 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014” ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №227 аз 18 апрели соли 2013 «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014»  баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҷараёни иҷрои дастурҳои ироагардида дар  ҷаласаи нахустини Ситод, ки 16 сентябри соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе доир гашт, натиҷагирӣ намуда, барои тақвияти тадбирҳои омодагӣ масъулини ҳар кадоме аз сохторҳои зидахлро дар доираи салоҳияту масъулияташон таври қатъӣ вазифадор кард.

Аз ҷумла, таъкид сохт, ки ШСХК «Барқи Тоҷик» бо дарназардошти ҳал гардидани маблағгузории харид ва васл намудани ду деги обгармкунии КВГМ-35/150 дар дегхонаи «Ғарбӣ»-и Ҷамъияти саҳомии навъи кушоди «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» бо истифода аз ангишти ватанӣ ба роҳ мондани истеҳсоли сӯзишвории сунъии композитсионӣ (ССКМ) ва дар ин замина истеҳсоли оби гарм ва энергияи гармӣ баҳри таъмини  муштариёни ноҳияи Синои шаҳр дар ҳаҷми 60 Гкал/соат нақшаи иҷрои корҳои васлу насби таҷҳизот дар иншооти мазкурро бо инобати то ноябри соли 2013 ба истифода додани он тарҳрезӣ ва иҷрои босифати корҳои пешбинишудаву таъминоти иншооти мазкурро бо сӯзишворӣ ҷиҳати фаъолияти муназзами он амалӣ созад.

Дар иртибот ба фаъолияти дегхонаи «Шарқӣ»  зикр гашт, ки бо вуҷуди аз ҷониби фармоишгар  КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» ба анҷом расонидани васли таҷҳизотҳои истеҳсоли газогенератории №1 ва №2 мутаассифона ҳеҷ кадоме аз иншоот то ҳанӯз  барои қабул ба  комиссияи давлатӣ пешниҳод нашудааст ва дар муҳлати як ҳафта иҷрои он аз ҷониби масъулин таъмин карда шавад.

Дар ин зимн масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ муваззаф карда шуданд, ки барои қабули гармии пешниҳодшаванда дар иншооти ба нақшагирифташуда тамоми чораҳоро дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони иншооту манзилҳои истиқоматӣ амалӣ созанд. Инчунин дастур гардид, ки комиссияи босалоҳият, илова ба санҷишҳои прокурории ҷараёндошта, ҳолати омодагиҳои сохторҳои шаҳрию ноҳиявиро ба мавсими пешорӯ мавриди санҷиш қарор диҳад.