Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 September 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №545-11 аз 5.09.2013

 

 Дар бораи  муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Кофарниҳон», «Худҷореъ», «Фишорӣ» ва «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» 

 

       Бо мақсади  гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар доираи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе  №227 аз 18 апрели соли 2013 «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014»  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 7 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.    Нақша-чорабиниҳои замимагардидаи Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» барои  бо навбат  муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтозакунии «Кофарниҳон», «Худҷореъ»,  «Фишорӣ» ва  «Ҷанубӣ-Ғарбӣ»  бо мақсади омода намудани истгоҳҳо ба  мавсими тирамоҳу зимистони солҳои                 2013-2014 тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмир ва васлкунии таҷҳизотҳо интиқоли оби нӯшокӣ  дар истгоҳҳои обтозакунии:

I. Истгоҳи обтозакунии  «Кофарниҳон»

-ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупский-1,2, шаҳракҳои 61, 63, 64, 65, кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Чайковский;

 

-ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Мирзобек, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов Мирзо, Фучик, Коргар, Зафар, Гостелло, Улуғбек, У.Зокони, Нестеров, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ аз бинои роҳи оҳан то Меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи Айнӣ то гардиши Фурӯдгоҳ, шаҳракҳои 191, 192, Бинокорон ва ДОК- аз соати 22-00 рӯзи 01 октябр то соати 24-00 рӯзи 02 октябри соли 2013 қатъ мегардад.

 

II. Истгоҳи обтозакунии «Худҷореъ»

-ноҳияи И.Сомонӣ: маҳаллаҳои Хуҷанбиёи боло ва поён, Шафақ, Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём  ва Сари Осиё, кӯчаҳои                      П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин боғи Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

-ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қурғон, Хоруғ,  Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2 кӯчаҳои Дӯстии Халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Мичурин, А.Раҷабовҳо ва Айнӣ аз           хонаи №1то №77;

-ноҳияи Сино: маҳаллаҳои  Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2,3, Қазоқон-1,2, Қарамишкор ва Муҳандис, шаҳракҳои 82,91,92,101,102,112, Испечак 1,2 ва Зарафшон 1,2;

-ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаи Қаҳҳоров, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор, Н.Қарабоев то кӯчаи Ҷомӣ, Миралӣ, шаҳракҳои 23, 24, 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии ш. Душанбе аз соати 22:00 рӯзи 08 октябр то соати             24-00 рӯзи  09 октябри соли 2013 қатъ мегардад.

 

III. Истгоҳи обтозакунии «Фишорӣ»

-ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дьяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи Марказӣ;

оҳияи И.Сомонӣ: хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Фазлиддин Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон аз соати 22:00 рӯзи 15 октябр то соати 24-00 рӯзи                        16 октябри соли 2013  қатъ мегардад.

 

IV. Истгоҳи обтозакунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ»

-ноҳияи Фирдавсӣ: шаҳракҳои  43, 65, 64, ва  кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ,

-ноҳияи Сино:  шаҳракҳои 11,12, 13, 14, 15, 31, 32, 33, 52, 53 82, 83, 84, 103, 104, Гипрозем, кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф  Вафо,  Котовский,  Сулаймонӣ,  Тургенев,  Р.Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Ҳаёти нав, аз соати 22:00 рӯзи 22 октябр то соати 24:00 рӯзи 23 октябри  соли 2013 қатъ мегардад.

 

3.  Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

     4.        Раисони ноҳияҳои Фирдавсӣ - Алиев С.А., Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ., Шоҳмансур - Бобоев С.Қ., Сино - Сафаров З.А. ва   директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. вазифадор карда шаванд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкаш, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5.    Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авғонов З.Т.) ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқи талаботҳои санитарӣ таҳти назорат қарор диҳад.

6.    Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7.               Назорати иҷроиши Қарори мазкур ба зиммаи муовини  якуми Раиси шаҳри Душанбе  Хайруллоев Н. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ