Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 September 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №549 аз 25.05.2013

 

Дар  бораи  таъсис  додани Корхонаи  воҳиди  давлатии

 «Чеварон»-и Мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти

давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

       Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани истеҳсоли либоси мактабӣ ва дигар маҳсулоти дӯзандагӣ, таъмини рақобатпазирии бозори дохилӣ бо маҳсулоти дӯзандагии истеҳсоли ватанӣ, паст намудани арзиши аслии ин намуди маҳсулот дар шаҳри Душанбе ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ  мутобиқи  моддаҳои  19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 124-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ»  

                                 ҚАРОР МЕКУНАМ:

        1.Дар заминаи қисми бинои моликияти коммуналии  Корхонаи истеҳсолию тиҷоратии воҳиди давлатии «Душанбеагросервис», воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, 8, мутобиқи замимаи №1 Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.

       2.Барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу фаъолият намудани Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ситоди корӣ дар ҳайати замимагардида мутобиқи замимаи № 2 таъсис дода шуда, тибқи замимаи № 3 дар ин самт корро ба роҳ монда, дар муҳлати як моҳ ҳуҷҷатҳои таъсисии корхонаро бо сохторҳои марбута таҳия ва мувофиқи тартиби муқарраргардида Оиннома, нақшаи тиҷоратӣ, шумора ва фонди музди меҳнати кормандонро барои тасдиқ ба  Раиси шаҳри  Душанбе  пешниҳод  намояд.

         3.Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Анваров С.С.), ҳамчун фармоишгар, тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ  ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ – харҷномавии азнавсозӣ ва таъмини таҷҳизоти қисми бинои дар банди 1 Қарор зикргардидаро таҳия ва ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

                  4.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) ҷиҳати манбаи маблағгузории азнавсозии иншооти номбурда ва таҷҳизоту оғози фаъолияти  Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.  

                  5.Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба маълумоти ҳисоботӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

       6.Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе (Муҳудинов З. М.), Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Муродов В.) дар ҳамкорӣ бо Корхонаи истеҳсолию тиҷоратии воҳиди давлатии «Душанбеагросервис»  шиносномаи техникии қисми бинои моликияти коммуналии шаҳри Дукшанбе, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ,8, ба Корхонаи воҳиди давлатии  «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷудогардидаро тайёр намуда, ба маълумотҳои бақайдгирӣ ва омори тағйироти дахлдор ворид намоянд.

       7. Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе (Абдуалимов Б.А.) тибқи тартиби муқарраргардида вобаста намудани қитъаи замини ба Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷудогагардидаро таъмин намояд.   

                   8.Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе лоиҳаи Қарори Раиси шаҳри Душанберо  оид ба  эълон намудани озмун барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе омода намояд.    

           9.Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

                10.Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути  васоити ахбори омма таъмин намояд.

        11.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Мансуров Ҷ.М. гузошта шавад.    

                                                

                                                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ