«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 September 2013

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба талаботи Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 545-1 аз 03.09.2013с. "Дар бораи баргузории тендери такрорӣ" оид ба интихоби таҳвилгари таҷҳизоти муосири тиббии ташхисӣ-дастгоҳи рентгении рақамӢ, низоми маммографӣ ва дастгоҳи таҳқиқи ултраовозӣ бо доплеру видеопринтер ва 3 адад интиқолдиҳак (УЗИ) барои Маркази саломатии шаҳрии  № 14-и бунёдшаванда, дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино, барои қабули 800 нафар дар як баст

байни шахсони ҳуқуқии ватанию хориҷӣ    (довталабони босалоҳият) тендери кушоди байналмилалӣ аз рӯи (Лоти 2 ) эълон менамояд

Шартҳои махсуси тендери такрории байналмилалӣ

оид ба интихоби таҳвилгари таҷҳизотҳои ташхисӣ барои  Маркази саломатии шаҳрии № 14-и бунёдшаванда, дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино, барои қабули 800 нафар дар як баст (Лоти 2)

1. Дархост ҷиҳати иштирок ба тендери байналмилалӣ на дертар то  2-юми октябри соли 2013.

2. Пешниҳоди тендерӣ бо дарҷи маълумотҳои техникӣ, муҳлати таҳвили таҷҳизот ва арзиши пешниҳод.

3. Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва Иқтибос аз Феҳрасти ягонаи шахсони ҳуқуқӣ (агар ташкилоти хориҷӣ бошад ба таври ҳатмӣ бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кушодани филиали худ легализатсия шуда, дар мақомоти андоз ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба қайд гирифта шавад).

4. Иҷозатномаи махсус барои хариду фурӯши таҷҳизоти тиббӣ, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст (довта-лаби хориҷӣ низ метавонад чунин Иҷозатнома ё дигар асоси тасдиқкунандаи иҷозати фаъолиятро пешниҳод намояд).

5. Маълумотномаи Нозироти андоз оиди дар давоми як моҳи то оғози рӯзи тендер дар назди буҷети давлатӣ қарз надоштани ташкилоти ватанӣ (агар филиал ё намояндагии ташкилоти хориҷӣ бошад маълумоти мазкурро манзур мекунад).

6. Маълумоти довталаб оид ба таҳвили таҷҳизотҳои тиббӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарҷи нархи ҳар як таҷҳизот аз рӯи борхатҳои мавҷуда дар давоми 3 соли охир.

7. Кафолати бонкӣ дар ҳаҷми 2%-и арзиши дархости тендерӣ ҷиҳати таъмини пешниҳоди тендерӣ;

8. Номгӯйи таҷҳизоти тиббии харидашаванда бо нишон додани давлати истеҳсолкунанда, ки бояд аъзои Иттиҳодияи Аврупо бошад, сертификати сифат, ки бояд мутобиқатии таҷҳизотро ба стандартҳои аврупоӣ тасдиқ намояд, дастурамали истифодабарӣ ҳатман бо забони русӣ бошад, нарх бо сомонӣ ва асъори ИМА бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ довталабон метавонанд бо телефони: 909-99-36-88  (Зоиров П.Т.)  муроҷиат намоянд.

Баргузории тендер: рӯзи 2-юми октябри соли 2013, соати 15:00 муқаррар шуда, дархостҳо то соати 12-00-и 1-уми октябри соли 2013 қабул ва тендер дар бинои маъмурии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев-24. баргузор мегардад.