Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 September 2013

28 сентябри соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ оид ба омодагиҳо ба мавсими пешорӯи зимистонгузаронӣ баргузор гардида, дар он натиҷаҳои фаъолияти дар тӯли ҳафтаи равон анҷомдодаи сохторҳои марбута мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки то ҳанӯз иҷрои корҳои нақшавӣ  ба пуррагӣ таъмин нагардида, вазъият бо айби идораҳои дахлдор  дар самти омодагиҳо ба роҳандозии истеҳсоли гармӣ ғайриқаноатбахш боқӣ мемонад.

Дар Ҷамъияти саҳҳомии навъи кушодаи «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ» - и ШСХК “Барқи Тоҷик” ба ҳолати  25 сентябри соли 2013 муқаррароти  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №122 аз 30 марти соли 2013 то 1 октябри соли равон харидории (захиракунии) 35 ҳазор тонна мазути камсулфури пешбинигардида аз ҷониби КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» ҳамагӣ 8193 тонна ё худ 23,4 фоиз таъмин шудаасту халос.

Дар дегхонаи «Ғарбӣ»- и ШСХК “Барқи Тоҷик”  бошад сохтмони хатти истеҳсоли сӯзишвории сунъии композитсионӣ (ССКМ) ва 2 адад деги обгармкунии КВГМ-35/150 корҳои сохтмониву васлкунӣ ҳамагӣ дар сатҳи 70 фоиз иҷро карда шудаанд ва .талаботи он ба ангишт, ки дар мавсим (90 рӯз) 36 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ҳамагӣ 618 тонна ангишт захира карда шудааст.

 Дар дегхонаи «Шарқӣ»- и ШСХК “Барқи Тоҷик” васли таҷҳизотҳои истеҳсоли газогенератории №1 ва №2, инчунин санҷиши онҳо ба анҷом расонида шуда, аз ҷониби Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси комиссияи давлатии қабули иншоот мавриди мувофиқасозӣ қарор дошта бошад ҳам, ҷои таассуф аст, ки барои таъмини фаъолияти мунтазами таҷҳизотҳои газогенераторҳо, бо вуҷуди дар мавсим 13000 тонна ангишт лозим меояд, то ҳол захиракунии ангишт аз ҷониби КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» ҳатто оғоз нагардидааст.

Ҳамзамон таъкид гашт, ки дар Маркази барқу гармидиҳии №2 корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати «TBEА» Ҷумҳурии Чин идома дошта, дар мавсими зимистони пешорӯ ба кор даровардани як адад турбоагрегат бо тавоногии истеҳсоли 50 МВт қувваи барқ ва 45 Гкал/соат энергияи гармӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи лоиҳа интиқоли энергияи гармӣ аз ин иншоот бо таври пӯшида бо сохтмони бунгоҳи гармитақсимкунӣ ва сохтмони 3 км хатти интиқоли гармӣ ва пайвасти он ба хатти «Чап-1» пешбинӣ гардидааст.  Аммо бо вуҷуди бо дарназардошти дархости Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «ТВЕА» барои ҳарчӣ тезтар оғоз намудани корҳои гузаронидани қубурҳои магистралӣ ва сохтмони бунгоҳи гармитақсимкунӣ бо Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе №524 аз 20 августи соли 2013 иҷозат барои корҳои кандани замин ва №547 аз 23 сентябри соли 2013 қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи гармитақсимкунӣ ҷудо гардида бошад ҳам, вале корҳо дар ҳар ду иншоот аз ҷониби фармоишгар ва пудратчӣ то ҳанӯз оғоз нагардида, эҳтимолияти то оғози мавсим ноиҷро мондани онҳоро ба миён овардааст.

Ҳамагӣ барои фаъолияти муназзами манбаъҳои гармиистеҳсолкунии мутамаркази дар шаҳри Душанбе мавҷудбудаи  ШСХК “Барқи Тоҷик” дар мавсими зимистон 116 ҳазор тонна ангишт захира намудан зарур бошад, то имрӯз ҳамагӣ 19 ҳазору 370 тонна ё худ 16,7 фоизи нақша захира ташкил карда шудаасту халос.

Дар иртибот ба рафъи ҳолати мавҷуда ва тақвияти корҳои омодагӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулин дастурҳои қатъӣ дода, ҳар кадомеро муваззаф сохт, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Барои қабули гармӣ, ки ҳамон ҳам дар сурати таъмини иҷроиши нақшавӣ ҳамагӣ наздики 200 Гкал/соат ё худ 14,7 фоизи талаботи шаҳр дар мавсим гармӣ истеҳсол карда  мешавад, Раиси шаҳр қарор намуд, ки ҳолати омодагиҳои фонди манзил ва муассисаҳои иҷтимоӣ  дар таносуби ноҳияҳо аз ҷониби комиссияҳои марбута ва Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе аз ҷониби прокуратураи шаҳр мавриди санҷиш қарор дода шаванд.