Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 October 2013

7 октябри соли 2013 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, иттифоқҳои эҷодию воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама ҳолати баррасии арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон ва раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳою дигар фаъолони пойтахт, ки ҳар ибтидои моҳ дар ин гуна ҳамоиш барои пешбурди ҳаёти хоҷагидории шаҳр ба унвонии  шаҳрдорӣ ироа мегарданд, ба риштаи таҳлил кашида шуд.

Дар иртибот ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати ҳар як муроҷиат ва ҷараёни иҷроиши он дар доираи салоҳият ва муқаррароти қонунгузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, оид ба дар доираи имконият ва талаботи мавҷуда то ба охир ҳал нанамудани муроҷиати  раиси маҳаллаи Авул-1 бобати то маҳаллаи Авул-2 тамдид накардани хатсайри автобуси №37 ба муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе Абдулҳақ Оев ва перомуни саривақт ба муроҷиати сокинони маҳаллаи Саҳбо бинобар бо мавзеи Сариосиё ҳамсарҳадӣ доштан  ғайриимкон будани ҷудо кардани қитъаи замин барои қабристон, ба масъулини кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе танбеҳ эълон карда шуд.

Дар ин зимн аз ҷониби Раиси шаҳр муқаррар гардид, ки минбаъд дар сурати беэътиноӣ зоҳир намудан дар баррасии муроҷиати шаҳрвандон нисбати масъулин аввал танбеҳ ва сипас чораҳои ташкилӣ то ҳадди аз ишғоли мансаб озод намудан андешида хоҳад шуд.

Дар ҷаласа инчунин бо иштироки аҳли ҷамоатчигӣ масоили омодагиҳо ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати чорум, ки 10 октябр баргузор мегардад баррасӣ гардида, вобаста ба он  масъулин дастуру супоришот мушаххас ироа гардид.