Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 October 2013


          М.Убайдуллоев

аъзои Раёсати Кумитаи  Марказии ҲХДТ

 

Масъулият дар интихоб

 

Рӯзи 6-уми ноябри соли ҷорӣ шаҳрвандони Ватани маҳбубамон ба таври умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муддати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб менамоянд. Маҳз тавассути интихобот ҳар як шаҳрванди кишвар дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иродаи сиёсии худро ифода карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб мекунад.

Тазаккур бояд дод, ки низоми амаликунандаи қонунгузории мамлакат ба он равона гардидааст, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва раванди идоракунии давлат аз арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ васеъ истифода гардида, ба ҳар узви ҷомеа барои саҳмгузориашон дар тақдиру сарнавишти ояндаи Ватан имкон фароҳам меоварад.

Дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” амал менамояд, ки тавассути он ҳар як ҳизб метавонад намояндаи худро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ ва дар интихобот фаъолона иштирок намояд. Қобили зикр мебошад, ки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии мамлакат дар марҳалаи омодагӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти назаррасро анҷом дода истодаанд.

4-октябри соли равон вакилони Анҷумани XI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон якдилона номзадии Президенти кунунии мамлакат, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд, ки 9 октябр аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ” бақайдгирии он сурат гирифт.

Бо ифтихору қаноатмандӣ зикр бояд сохт, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заинаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри  бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта  шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид. Ҳамзамон таҳкурсии  гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад ва бо вуҷуди ҳама мушкилот давлати соҳибистиқлоламон муттасил рушд намуда истодааст ва пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.

Дар давраи навини давлатдорӣ шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии Президенти мамлакат бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, бо талошҳои ҷонсӯзонаю шабонарӯзӣ баъди ҳазор сол боз аз сари нав  баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро дар кишвар устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.

Ба сифати Президенти ҷумҳурӣ ва Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири рушду таҳкими асосҳои демократӣ дар кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиори «Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон» -ро ҳамчун самти афзалиятноки фаъолият муайян кард ва аз тамоми қишрҳои ҷомеа даъват ба амал овард, ки зери ин шиор баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди ҷомеа ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ саъйу талош намоянд.  Тавре вақт собит намуд ин ҳидоятҳо дар кишвар натиҷаҳои нек ба бор оварданд.

ИҶРОИ САМТҲОИ АСОСИИ БАРНОМА   

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 дар Барномаи пешазинтихоботии худ рушди афзалиятноки саноат, хусусан, саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъданҳо, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмили сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодӣ, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо, дар асоси салоҳияти касбӣ баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ва махсусан, таъмини амнияти озуқавории кишвар, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсиониро аз ҷумлаи вазифаҳои стратегии марҳилаи нави давлатдорӣ эълон намуда буд.

  Дар давоми ҳафт соли сипаришуда дар баробари иҷро гардидани Барномаи стратегии зикргардида боз даҳҳо нақшаҳои миёнамӯҳлати дигар низ дар  ҷумҳурӣ татбиқи худро ёфтанд, ки ин ҳама самараи меҳнату заҳмати шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии Сарвари давлат ва Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Ин дастовардҳо боис шуданд, ки дар ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд. Мо бояд ба ин ҳама пешравиҳо воқеъбинона баҳогузорӣ намоем ва таҳаввулот дар фарҳанги сиёсӣ, афкори ҷомеа, инчунин тағйироти куллӣ дар рӯҳия ва афкори оммаро,  бешубҳа, ҳамчун омили нақши шахсияти Президенти ҷумҳурӣ  эътироф кунем. 

Таҳлили бахшҳои алоҳидаи Барнома, ки ба фаъолияти ҳафтсолаи Президенти мамлакат алоқамандӣ дорад, бори дигар собит менамояд, ки маҳз бо кӯшиш ва талошҳои ватандӯстонаи Сарвари давлат  дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ  Ватани мо ба қатори кишварҳои дорои иқтисодиёти рӯ ба инкишоф шомил ва хушбахтона, дар ҷомеа ваҳдати миллӣ, суботу амнияти сиёсӣ ва сулҳи сартосарӣ  комилан пойдор гардидааст.

Боби I

1.Рушди устувор ва муназзами соҳаҳои иқтисоди миллӣ

Сарфи назар аз таъсири манфии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии тамоми қишрҳои ҷомеа бо роҳбарии Президенти кишвар  дар доираи барномаҳои қабулкарда рушди ботадриҷи иқтисоди миллиро таъмин намуд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 9,3 миллиард сомонӣ дар соли 2006 то ба 36,2 миллиард сомонӣ дар соли 2012 афзуда, суръати афзоиши воқеии солонаи он ба ҳисоби миёна 7 фоизро ташкил дод, ки ин аз рушди устувор ва бемайлони иқтисодиёти мамлакат шаҳодат медиҳад. Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз 1335 то 4580 сомонӣ ё 3,4 баробар зиёд гардид. Қобили зикр мебошад, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 7,5 фоизро ташкил медиҳад, ки ин дастоварди арзанда мебошад.

Даромадҳои пулии аҳолӣ 4,2 баробар, ҳаҷми пасандозҳо 4,5 ва маоши миёнаи воқеии як корманд 5,5 баробар афзоиш ёфт.

Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ дар ҳафт соли охир аз 1,7 миллиард сомонӣ то ба 12,2 миллиард сомонӣ дар соли 2013 афзоиш меёбад, ки нисбат ба соли 2006-ум қариб 7 баробар зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2000, ки 252 миллион сомониро ташкил медод, 48 маротиба зиёд аст.

Таносуби даромади Буҷети давлатӣ нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2000 ба 14,1 фоиз баробар шуда, ин нишондиҳанда дар соли 2006 ба 19,7 ва дар соли 2013 ба 28,6 фоиз расид.

Тибқи  нишондоди пешакӣ ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ дар ҷумҳурӣ барои соли 2014 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 14,1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи  барномаи миёнамӯҳлат бошад, Буҷети давлатӣ дар соли 2015 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгзорӣ ба 15,5 миллиард сомонӣ  ва соли 2016 ба 16,7 милиард сомонӣ баробар хоҳад шуд. Хамчунон барои таъмини нишондиҳандаҳои устувори макроиқтисодӣ ва меъёри барномавии таваррум чораҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.

Дар соли ҷорӣ татбиқи “Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015” оғоз шудааст, ки мувофиқи он сатҳи камбизоатӣ аз 38 фоизи имрӯза,  то соли 2015 дар ҳудуди 30 фоиз коҳиш дода хоҳад шуд.

 Тавре ҳамагон хуб медонанд, пешрафти иқтисоди миллӣ ба афзоиши маблағгузорӣ ва таъминот бо воситаҳои гардон вобастагӣ дорад ва ин нишондиҳанда, ки ҳамзамон сатҳи бо пул таъмин будани иқтисодиётро инъикос менамояд, дар давоми 7 соли охир нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 14 фоиз то 23 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар соли 2012 нисбат ба соли 2006 ҳаҷми қарзҳои пешниҳоднамудаи ташкилотҳои қарзии ватанӣ 3,4 баробар афзуда, дороии онҳо 4,4 ва сармояи тавозунӣ 6 баробар, ҳаҷми қарзҳои хурд 6 ва ҷалби маблағгузории хориҷӣ 4 баробар зиёд шудааст.

Дар сатҳи барномавӣ нигоҳ доштани таваррум ва татбиқи сиёсати мутавозини пуливу қарзӣ дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати андозу буҷет имкон дод, ки дар давоми 6-7 соли охир сатҳи таваррум аз 19, 7 фоиз то 6, 4 фоиз, яъне беш аз 3 баробар коҳиш дода шавад. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда боз ҳам коҳиш ёфта, 2,5 фоизро ташкил дод. Ҳол он ки дар соли 1995 меъёри таваррум қариб ба 1000 фоиз мерасид  ва қарзи берунии мамлакат ба 130 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар шуда, ҳатто соли 2000 низ сатҳи таваррум қариб 61 фоизро ташкил медод.

Тазаккур бояд дод, ки устувории қурби пули миллӣ барои таъмини қобилияти харидории маблағи маош ва нафақа омили зарурӣ мебошад.

Ҳаҷми муомилот дар бозори байнибонкии асъор дар ҳафт соли охир 836 баробар афзуда, ҳаҷми захираҳои асъорӣ 4,3 маротиба зиёд гардидааст. Ин омилҳо боиси зиёд кардани боигарии миллӣ шуда, барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ, ба хусус, дар муддати ҳафт соли охир дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук, мошинсозӣ, химия, коркарди маъдан ва металлҳо, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ зиёда аз 2200 коргоҳ ва корхонаи нав бо беш аз 58 ҳазор ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шуд. Агар ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар мамлакат соли 2000 1,4 миллиард сомониро ташкил дода бошад, соли 2012 ин нишондиҳанда ба 9,7 миллиард сомонӣ расидааст.

Дар ҳафт соли охир ҷиҳати бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ, таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда ва умуман рушди соҳаи энергетика қариб 12 миллиард сомонӣ равона гардида, дар ин бахш 13 лоиҳаи сармоягузорӣ амалан тадбиқ шудаанд, ки маблағи умумии он дар маҷмӯъ зиёда аз 9 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло дар соҳаи энергетикаи кишвар татбиқи 10 лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши умумии қариб 2 миллиард сомонӣ идома дорад.

      Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2012 тавассути истеҳсолоти дохилии мамлакат талаботи воқеии аҳолӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 80 фоиз, тухм 75, ғалладона ва орд 50, биринҷ 80, картошка, сабзавоту полезиҳо ва меваҷот 100 фоиз таъмин карда шудааст.

Агар дар соли 2006 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 903 млн сомониро ташкил карда бошад, ин рақам дар соли 2013 ба 6,4 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба  соли 2006 7 баробар зиёд мебошад.

Ба ҳамаи ин дастовардҳо нигоҳ накарда Президенти кишвар  дар Паёмҳои ҳамасолааш ба Маҷлиси Олии мамлакат нигаронии худро изҳор дошта, зикр менамояд, ки чунин вазъ ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест, зеро ҷумҳурӣ на танҳо метавонад аҳолии худро бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намояд, балки имкониятҳои васеъ дорад, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзиро афзоиш диҳад.

2.Оид ба рушди минтақаҳо

Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди минтақаҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад ва ин масъала яке аз самтҳои асосии фаъолияташон ба ҳисоб меравад. Дар муддати ҳафт соли сипаришуда рушди шаҳру деҳот ба тадриҷ таъмин гардид, ки татбиқи аксари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзиву обтаъминкунӣ, маорифу тандурустӣ ва лоиҳаҳои дигар дар мамлакат аз он шаҳодат медиҳанд.  Дар ин давра барои рушди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,8 миллиард сомонӣ, вилоятҳои Хатлон 10,7 миллиард, Суғд 12 миллиард, шаҳри Душанбе 7 миллиард ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Имрӯз дар мамлакат корҳои бунёдкориву созандагӣ босуръат идома ёфта, ҳаҷми сармоягузории дохилӣ дар ин самт танҳо аз ҳисоби Буҷети давлатӣ аз 231 миллион сомонии соли 2006 ба 2,3 миллиард сомонӣ дар соли 2013 расонида мешавад, ки афзоиши он 10 баробарро ташкил медиҳад.

 Танҳо дар ҳафт соли охир аз ҳисоби Буҷети давлатӣ иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, бо ин мақсад 42,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки 82 фоизи он маблағҳои Буҷети давлатӣ  мебошад.

3.Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ

Дар давоми солҳои 2006-2012 сармоягузории хориҷӣ беш аз 20 миллиард сомониро ташкил додааст. Дар ҳафт соли охир барои фаъолияти бахши хусусӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ фазои мусоид фароҳам оварда шуд.

Чорабиниҳои дар ин муддат амалигардида, махсусан, қонунигардонии молу мулк ва маблағҳои шаҳрвандон, эълон гардидани моратория ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ, татбиқи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, тақвият бахшидани ҳамкории байни давлат ва бахши хусусӣ ва қабули Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Дар доираи иҷрои супоришҳои Паёми Президенти кишвар аз 1-уми январи соли 2013 Кодекси андоз дар таҳрири нав мавриди татбиқ қарор дода шуд. Дар ин Кодекс барои фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои муосири истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ зиёда аз 240 имтиёз пешбинӣ гардидааст. Танҳо дар соли ҷорӣ барои ин  субъектҳои хоҷагидорӣ маблағи имтиёзҳо беш аз 3,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Яъне, ин маблағ имсол ба Буҷети давлатӣ ворид нагардида, барои фаъолияти молиявии субъектҳои хоҷагидорӣ равона мешавад.

То соли 2017 андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард пурра бекор ва меъёри андоз аз фоида то 2 банди фоизӣ кам карда хоҳад шуд.

Бо истифода аз имконияту заминаҳои муҳайёгардида соҳибкорони ватанӣ танҳо дар соли 2012  бо теътоди 332 корхона ва коргоҳҳои  нави истеҳсолӣ сохта ба истифода доданд.

Агар соли 2006 дар мамлакат якҷоя бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ 33 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи 409 миллион сомонӣ амалӣ шуда бошад, ҳоло 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

 

4. Рушди саноат, сохтмони роҳҳо, нақбҳо  ва афзоиши ҷойҳои корӣ

Барномаи пешазинтихоботии Сарвари давлат дар соҳаи рушди саноат, сохтмони роҳҳо, бунёди нақбҳо ва аз ин ҳисоб зиёд намудани ҷойҳои корӣ низ амалӣ шуда, ба рушди самараноки ин соҳаҳо асос гузошт. Дар соли 2013 дар мамлакат бунёди 209 корхонаи нави саноатӣ бо 8 ҳазор ҷойи корӣ ба  нақша гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб аллакай дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 150 корхонаи истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифта, зиёда  аз 4500 ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардид.

Дар ҳафт соли охир ҷиҳати раҳо ёфтани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб 4,4 миллиард сомонӣ  амалӣ гардид. Дар натиҷа 1700 километр роҳҳои мошингард бунёд ва таҷдид гардида, 109 пул ва 31 километр нақб сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Раванди таҷдиду барқарорсозии роҳҳо идома дошта, то соли 2015 сохтмону барқарорсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода, Кӯлоб-Қалъаи Хумб, сохтмони терминали замонавӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, хатти роҳҳои оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) ва Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён дар назар дошта шудааст.

Нақбҳои калонтарин, монанди “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Шаршар”, “Хатлон” роҳҳоро кӯтоҳ намуда, ба мардум шароити хуби тиҷорат ва  минтақаҳоро бо ҳамдигар пайваст намуданд.

Дар баробари ин, Ҳукумати кишвар ба ҳалли масъалаи бунёди роҳҳои алтернативии минтақавӣ афзалият дода, бо ин васила доираи ҳамгироии иқтисодиро тавсеа бахшида, дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии коммуникатсионӣ мутобиқ ба меъёрҳои муосир иқдоми нахустинро амалӣ намуда истодааст. Бо ин мақсад татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон оғоз шуд, ки он дар ояндаи наздик омили муҳими рушди иқтисоди кишварамон ва давлатҳои минтақа мегардад.  Маҳз бо ташаббуси Президенти малакат дар ин самт нахустин созишномаҳо ба имзо расида, корҳои лоиҳакашӣ оғоз гардиданд.

Дигаргунсозиҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ низ амалӣ шуда, барои ширкатҳои авиатсионии ватаниву хориҷӣ пай дар пай фазои рақобати озод ва бозори хизматрасониҳои авиатсионӣ фароҳам гардида, фаъолияти густурда дар ин ҷода идома меёбад.

Ҳамзамон, ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникии ширкатҳои ҳавоии ватанӣ, таъмини бехатарии парвозҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва қобилияти рақобатнокии онҳо мунтазам тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд.

Соли 2011 “Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025” қабул гардид, ки тибқи он  бунёду таҷдиди беш аз 4000 километр роҳ ва 576 пул ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст.

5. Тоҷикистон - давлати иҷтимоӣ

Давлати иҷтимоӣ будани кишварамон дар моддаи 1-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст. Дар Барномаи пешазинтихоботии соли 2006 мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ҳамин масъала бештар таваҷҷӯҳ зоҳир карда, дар ҳалли проблемаҳои ба он алоқаманд иқдоми бузургро амалӣ намуд. Махсусан, дар ҷодаи ҳифзи иҷтимоии ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон фаъолият ва ҳидоятҳои Сарвари давлат беназиранд, ки он ҳама бори дигар аз ҳиммати баланди инсондӯстиашон дарак медиҳад.

Агар дар соли 2006 кӯмакҳои гуногун аз Буҷети давлатӣ ба ин қишри ҷомеа 85 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2012 ба 170 миллион сомонӣ расидааст. Яъне дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда ду баробар зиёд гардидааст.

Матни пурра дар формати МС Ворд 2003 пешниҳод мегардад