Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 April 2010

Мутобиқ ба анъанаи ҷойдошта ва татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат оид ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои алоҳидаи эҳтиёҷманди пойтахт ба ифтихори 65- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941-1945  Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 1499 нафарро бо кӯмакпулиҳои якдафъина сарфароз гардонид.

Бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои  озоди бучети шаҳрӣ  947550 (нӯҳсаду чилу ҳафт ҳазору панҷсаду панҷоҳ) сомонӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо карда шуд.

Тибқи ин иқдоми шаҳрдорӣ ба ҳар кадом иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945,  муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар аибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд ва ба ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд ба андозаи 450 сомонӣ   кӯмакпулиҳои яквақта дода мешаванд.

Бояд хотирнишон сохт, ки айни ҳол дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 260 нафар маъюб ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945  басар мебаранд ва ба онҳо маблағҳои мутазаккира то 30 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои пойтахт шахсан расонида мешаванд.

Категорияҳои мазкури  шаҳрвандон зери ғамхории доимии шаҳрдорӣ қарор дошта, дар радифи кӯмакҳои мухталифи дастрасшаванда ҳар моҳ аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ иловатан ба нафқаашон 150 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Ш. Саидов