Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 October 2013

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №557-16 аз 1 октябри соли 2013 «Дар бораи баргузории тендер» оид ба хариди 100 адад воситаҳои нақлиёти мусофиркаши автобус [50 (панҷоҳ) адад автобуси калонҳаҷм ва 50 (панҷоҳ) адад автобуси хурдҳаҷм] бо сўзишвории гази моеъ, ё дизелӣ, ё муҳаррики бо сӯзишвории бензинӣ ва гази моеъ фаъолияткунанда, стандарти экологӣ на камтар аз Евро-3, муҳлати истифодаи кафолатӣ на камтар аз 2 сол ва мутобиқ ба иқлими Тоҷикистон барои корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии шаҳри Душанбе баҳри беҳбуд-бахшии хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайрҳои шаҳрӣ ва фароҳам овардани шароити рақобати солим, Шуморо ба сифати «Иштирокчӣ» аз «18» то «29» октябри соли 2013

 

ба озмун даъват менамояд.

  Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:

-Оинномаи корхона;

-иҷозатнома (литсензия) барои амалисозии навъҳои фаъолият;

-кафолати бонкӣ барои шартҳои дархостӣ;

-гувоҳномаи нозироти андози макони қайд оиди қарздор набудан аз пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ;

-маълумотнома оид ба ҳаҷми умумии қарордодҳо оид ба фурўши нақлиётҳои мусофиркаши истифодаи умум дар 3 соли охир;

-пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

Ҳангоми пешниҳоди нархи мувофиқ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба молрасони ғолиб нисбати кушодани марказҳои савдою тиҷоратӣ, хизматрасонии кафолатӣ, таъсиси корхонаҳои васлу насб ва хонаи савдо кафолат медиҳад.

 Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро тавассути почтаи электронии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com ё рақамҳои телефонии  +992(372) 221-53-24;  2 21-28-65; 223-20-76  дастрас намоянд.

             Дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкам, муҳрзада то соати 17:00   29 октябри соли 2013 ба шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо суроғаи: индекс 734023, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 48 пешниҳод карда шаванд.

            Озмун рўзи 30 октябри соли 2013 соати 1000 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 48 баргузор мегардад.

 

ҚАРОРИ РАИСИ   ШАҲРИ  ДУШАНБЕ   №557-16 аз 01.10.2013

 

Ҳайати комиссияи тендерӣ оиди хариди нақлиёти мусофиркашонӣ барои хариди 100 (сад) адад воситаи нақлиёти мусофиркаш