Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 October 2013

Дар бораи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи фазои динӣ-ахлоқӣ бо риояи расму анъанаҳои миллӣ баҳри пешбурди ваҳдати ҷомеа

 

Бо мақсади пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ бо пешгирии зуҳуроти номатлуби динӣ, ҳимояи мазҳаби аҷдодии ҳанафӣ аз тафриқаандозӣ, олоиши эътиқод ба ғаризаҳои сӯистифодаи шахсӣ, гуруҳию сиёсӣ ва бо дарназардошти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар дар шаҳри Душанбе аз 4 июли соли 2013 баённамуда ва Нақшаи чорабиниҳои марбутаи аз 9 июли соли 2013 тасдиқ гардида, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қарор мекунам:

1.Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар дар шаҳри Душанбе 4 июли соли 2013 баён гардидаанд, тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор иҷрои ҳатмии нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро таъмин намоянд.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ