Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 October 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 542-2 аз 29.08.2013 

Дар бораи баргузории тендери такрорӣ

 Бо мақсади такмили заминаи моддӣ-техникии сохторҳои марбутаи коммуналии шаҳр баҳри беҳдошти нигоҳдории роҳҳои пиёдагарду роҳравҳо, боғу гулгаштҳо, каналу селпартоҳо ва таъмини иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи  шаҳри  Душанбе № 123-12 аз 20 декабри соли 2012 “Дар бораи “Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев “Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2012, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2013 ва тасдиқи буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2011”, бо дарназардошти розигии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии    назди   Ҳукумати   Ҷумҳурии   Тоҷикистон   № 323 аз 20 августи соли 2013 ва Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе № 219 аз 31 июли соли 2013, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 12 – 14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

Қарор мекунам:

 

1. Бинобар сабаби рад намудани дархостҳои тендерии довталабон, бо дарназардошти пешниҳоди Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (протоколи № 219 аз 31 июли соли 2013), озмун ҷиҳати хариди техникаи коммуналӣ ва роҳсозӣ, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №470 аз 2 августи соли 2012 «Дар  бораи баргузории тендер» эълон гардида буд, бекор карда шавад.

2. Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  пешниҳодшуда оид ба интихоби молрасон барои хариди техникаи коммуналӣ ва роҳсозӣ аз рӯи 18 (ҳаждаҳ) Лот (номгӯ)-и замимагардида таъсис дода шуда, мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баргузорӣ ва ҷамъбасти тендери такрориро аз тариқи иштироки номаҳдуди довталабон бо маҳдуд намудани муҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ на кам аз 10 (даҳ) рӯз таъмин намояд.

 

3. Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия, коммуналию муҳандисӣ, таҳлилӣ  ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории  роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ эълон ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендери такрорӣ таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

                                                               М. УБАЙДУЛЛОЕВ