Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 October 2013

19 октябри соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ оид ба омодагиҳо ба мавсими пешорӯи зимистонгузаронӣ баргузор гашт, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти дар тӯли ҳафтаи сипаригардида анҷомдодаи сохторҳои марбута мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни натиҷагирӣ аз санҷишҳои  анҷомдодаи комиссияҳои марбута дар таносуби ноҳияҳо  оид ба  ҳолати омодагиҳои фонди манзилу муассисаҳои иҷтимоӣ  ва прокуратураи шаҳр нисбати Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳои омодагӣ дастуру супоришоти қатъӣ ироа намуда, директори ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе”  С. Атоевро вазифадор сохт, ки масъалаи иваз намудани симчӯбҳои барқиро бо сутунҳои оҳану бетонӣ дар таносуби маҳаллаҳои шаҳр ба пуррагӣ таҳқиқ намуда, то 1 декабри соли равон бобати дар соли 2014 комилан аз байн бурдани симчӯбҳо ва дар ҳолати зарурӣ  барои васеъ намудани тангкӯчаҳои маҳаллагузар барои ҳаракати техникаҳои насбкунандаи сутунҳои оҳану бетонӣ ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.

Инчунин аз масъулини сохторҳои зидахл ва ШСХК “Барқи Тоҷик” талаб намуд, ки баҳри татбиқи муқаррароти бо Қарори марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №122 аз 30 марти соли 2013 тасдиқгардида, ки ба салоҳияти ҳар кадоме вогузор карда шудааст, чораҳои қатъӣ андешида, бобати вусъати ҷараёни захиракунии ангишт барои таъмини фаъолияти муназзами манбаъҳои гармиистеҳсолкунии мутамаркази дар шаҳри Душанбе мавҷудбудаи  ШСХК «Барқи Тоҷик», ки дар мавсими зимистон маҷмуъан 116 ҳазор тонна ангишт зарур мебошад, воқеият ва имкониятҳои парки техникии ШСХК «Барқи Тоҷик»-ро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Дар ин зимн комиссияҳои назоратии фаъолияткунанда  вазифадор гардиданд, ки бо идома додани кори худ, унвонии Раиси шаҳр оид ба ҳолати воқеии корҳои омодагӣ аз ҷониби сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва ШСХК “Барқи Тоҷик” маълумот ирсол намоянд.