Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 October 2013

Комиссияи тендерии Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, тибқи иҷрои Қарори Раиси    шаҳри Душанбе  №580-11 аз 17 октябри соли 2013,  «Дар бораи баргузо-рии озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи раванди технологии истеҳсолоти дӯзандагӣ оид ба дӯхтани либоси мактабӣ барои талабаҳо ва толибаҳо ва инчунин истеҳсоли маҳсулоти баландсифати рақобатпазири дӯзандагӣ, бо нишондоди таҷҳизоти зарурии Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе»

 

ТЕНДЕР ТАРИҚИ ИШТИРОКИ НОМАҲДУДИ ДОВТАЛАБОНРО

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

         Дар тендер шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷии  дорои таҷрибаи мукаммали лоиҳакашӣ ва васлу роҳандозии технологияҳои муосири дузандагии либосҳо барои мактаббачагон, либосҳои махсус, шиму костюм ва дигар намуди либосҳои замонавӣ дошта, иштирок карда метавонанд.

          Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1.       Дархост ҷиҳати иштирок дар тендер (то  24.10.2013 с);

2.       Пешниҳоди тендерӣ;

3.       Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда (низомнома ё оиннома);

4.       Иҷозатнома (литсензия) барои лоиҳакашии технологияҳо бо бартарии дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири  дӯзандагии истеҳсоли мамолики Аврупо  ва  Ҷопон, агар тибқи қонунгузории давлати шахси ҳуқуқӣ чунин навъи иҷозатнома мавҷуд бошад;

5.       Гувоҳномаи нозироти андоз ва гувоҳномаи фонди ҳифзи иҷтимоӣ барои довталабони ватанӣ;

6.       Маълумотҳо оид ба лоиҳакашӣ ва насби  технологияҳои муосири дузандагии либосҳо барои мактаббачагон, либосҳои махсус, шиму костюм ва дигар намуди либосҳои замонавӣ дар дигар иншооти сохтмонӣ, фабрика ва корхонаҳои калони дӯзандагӣ дар давоми 3 соли охир, хусусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7.       Маълумоти техникӣ оид ба ҳар як таҷҳизоту дастгоҳи дӯзандагии насбшаванда бо расми рангаи ҳаҷмаш на кам аз варақи шакли А4

8.       Маълумотнома оиди базаи моддӣ-техникӣ, таҷрибаи кории мутахассисон (шумора ва собиқа), ҳолати умумии молиявӣ бо дарҷи маблаѓи қарзнокии кредитории корхона хусусан дар назди буҷети давлатӣ;

9.       Таъминоти пешниҳоди тендерӣ дар ҳаҷми 1% аз арзиши умумии

пешниҳоди тендерӣ (кафолати бонкӣ);

10.  Пешниҳоди нусхаи аз тарафи нозироти андоз тасдиқшудаи тавозуни муҳосибии соли 2012 барои довталабони ватанӣ;

11.  Харҷномаҳои васлу роҳандозии ҳар як таҷҳизоти насбшаванда дар алоҳидагӣ ва дар маҷмӯъ;

10. Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер.

 

          Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ довталабон метавонанд ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, бо суроѓаи: шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев-24, бо телефони: 93-583-98-62 (Муртазоев С.М.) муроҷиат намоянд.

       Рӯзи гузаронидани тендер  29 октябри соли 2013, соати 15:00

       Макони баргузории тендер: Бинои маъмурии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев-24

      Эзоҳ: Мӯҳлати ниҳоии қабули пешниҳодоти тендерӣ то соати 10.00-и  29 ноябри соли 2013 муқаррар мешавад.