Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 October 2013

28 октябри соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеии кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки масъулини сохторҳои зидахли шаҳрӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Дар ин зимн, Маҳмадсаид Убайдуллоев қабл аз ҳама таваҷҷуҳи масъулинро ба ҳолати риояи реҷаи фаъолият дар субъектҳои хизматрасонии маишию фарҳангӣ нигаронида, дар иртибот ба  он зикр сохт, ки бо ҷурми камфаъолиятии сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ, мутаассифона тавре воқеият собит месозад то ҳанӯз марказҳои алоҳидаи дилхушӣ хилофи регламенти шаҳр ва Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе  то субҳгоҳон фаъолият намуда, дар косташавии фазои ахлоқӣ ва таблиғи арзишҳои номатлуб миёни ҷавонон таъсиррасонӣ доранд ва набояд бо ин вазъ муросо намуд.  

Бо ин мақсад ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур фармуд, ки барои пешгирии фаъолияти ғайриреҷавии марказҳои дилхушӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, нисбати хилофкорон чораҳои пешбининамудаи қонунгузориро шадидан татбиқ созанд. Барои роҳандозии назорати ҷамъиятӣ аз сокинони шаҳр ва воситаҳои ахбори омма даъват ба миён овард, ки алайҳи ингуна қонуншиканиҳои ба мушоҳидарасида ва рафторҳои номатлуби ҷавондухтарону писарон дар марказҳои дилхушӣ оҷилан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сомонаи шаҳрдорӣ ахбор манзур сохта, дар ҳифзи фазои солими ахлоқӣ ва рахнанашавии арзишҳои миллӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар марзи шаҳр фаъолона ширкат варзанд.

Ҳамзамон муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе Б. Назаров муваззаф гардид, ки то 1 январи соли 2014 ҷиҳати тибқи муқаррароти Қарори марбутаи Раиси шаҳр ба низом даровардани масъалаи додани тартиби реҷаи корӣ ба субъектҳои хизматрасон ва риояи он чораҳо андешад ва аз прокуратураи шаҳр хоҳиш ба амал оварда шуд, ки дар ин ҷода санҷиши мутақобиларо анҷом диҳад.

Дар ин росто, Раиси шаҳр аз ҷараёни амалпаймоӣ ва риояи танзими расму ойин дар баргузории тӯйю маъракаҳо  изҳори нигаронӣ карда, ба сохторҳои зидахл дастур фармуд, ки дар ин самт бо пурзӯр намудани назорат, барои таъсиррасонӣ нисбати хилофкорон тибқи қонунгузорӣ чораҳои муассир андешанд. 

Инчунин бо дахли масоили пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрӣ ва шаффофияти қабулу ҷо ба ҷогузории кормандон дар субъектҳо, роҳ надодан ба таъини хешутаборон дар корхонаҳои зертобеъ, аз прокуратураи шаҳр хоҳиш карда шуд, ки тамоми муассисаҳои коммуналии шаҳрро аз рӯи ин талабот мавриди санҷиш қарор диҳад.

Бо дарназардошти он, ки феълан баҳри иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба  манъ будани  парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, маркаб, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ дар марзи шаҳри Душанбе, тавассути идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон инвентаризатсия ва аз байн бурдани ҳайвоноти мутазаккира идома дорад, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар сохт, ки баҳри дастрасии сокинон бо шир барои ҳамарӯза аз соати 6:00 то 9:00 ва аз соати 18:00 то 20:00 дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии “Комбинати шири Душанбе” бо нархи 3,5 сомонӣ тавассути нақлиёт ба фурӯш гузоштани шири пастеризатсияшуда иҷозат дода шавад.