Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 October 2013

Қарори раиси шаҲри Душанбе №592  аз 24.10.2013

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи

 маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе оид ба таҷлили

 Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ  таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ :

1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2.     Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  вазифадор карда шаванд, ки дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро таъмин намоянд.

3.     Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ.   гузошта шавад.                                               

                                                                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ