Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 November 2013

4 ноябри соли 2013 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, иттифоқҳои эҷодию воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама бо дарназардошти он, ки феълан баҳри иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба  манъ будани  парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, маркаб, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ дар марзи шаҳри Душанбе, тавассути идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон инвентаризатсия ва аз байн бурдани ҳайвоноти мутазаккира идома дорад, ҷиҳати вусъатнок тадбирандешӣ дар ин самт ба сохторҳои зидахл супоришоти қатъӣ ироа намуда, дастур фармуд, ки нисбати хилофкорон чораҳои муассири пешбининамудаи қонунгузориро татбиқ созанд.

Дар ин зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр сохт, ки баҳри дастрасии сокинон бо шир барои ҳамарӯза аз соати 6 00 то 9 00 ва аз соати 18 00 то 20 00 дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ба Ҷамъияти саҳомии “Комбинати шири Душанбе” бо нархи 3,5 сомонӣ тавассути нақлиёти таъинотӣ  ба фурӯш гузоштани шири пастеризатсияшуда иҷозат дода шуд ва баҳри рақобат дар ин бозори хизматрасонӣ дигар субъектҳои дорои имконият ва литсензияи марбута метавонанд унвонии шаҳрдорӣ муроҷиат намоянд.  

Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷаласа бо ҷурми роҳ додан ба камбудиҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр сардори Шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Муним Холиқов аз вазифа сабукдӯш карда шуд.

Инчунин дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев маротибаи дигар  таваҷҷуҳи масъулин ва фаъолони пойтахтро ба ҳолати риояи реҷаи фаъолият дар субъектҳои хизматрасонии маишию фарҳангӣ нигаронида, вобаста ба  он афзуд, ки мутаассифона то ҳанӯз марказҳои алоҳидаи дилхушӣ хилофи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе  то субҳгоҳон фаъолият намуда, на танҳо ба оромии сокинон, балки дар косташавии фазои ахлоқӣ ва таблиғи арзишҳои номатлуб миёни ҷавонон таъсир мерасонанд, ки дар ин самт фаъолияти мудовиму густурдаи сокинон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу институтҳои шаҳрвандӣ ногузир мебошад. 

Ҳамзамон Раиси шаҳр масъалаи вазъи санитарию эпидемиологӣ ва  роҳандозии корҳои профилактикиро оид ба пешгирии касалиҳои сироятӣ дар шаҳр мавриди таваҷҷуҳи қатъӣ қарор дода, Раёсати тандурустӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳрро вазифадор кард, ки дар ин ҷода чораҳои муассир андешида, ҳолати ошхонаҳои дар мактабу муассисаҳои томактабӣ фаъолияткунандаро зери назорати доимӣ қарор диҳанд ва аз прокуратураи шаҳр даъвт ба миён овард, ки дар ин маврид санҷиши прокурорӣ анҷом диҳад.

Дар фарҷоми ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев аҳли ҳузор ва кулли сокинони пойтахтро бо фарорасии Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  самимона шодбош гуфта, ҳамагонро барои иштироки фаъолона дар ин ҷашнвора ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   даъват намуд.