Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 November 2013

Даъват ба озмун

Мақомоти иҷроияи маҳаллии

ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе

 

       Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №557-8 аз 1-уми октябри соли 2013 «Дар бораи баргузории тендер» оид ба хариди 15 адад автомашинаи сабукрави назоратӣ бо сӯзишвории бензин фаъолияткунанда, стандарти экологӣ на камтар аз Евро-3, муҳлати истифодаи кафолатӣ на камтар аз 2 сол ва мутобиқ ба иқлими Тоҷикистон, Шуморо ба сифати «Иштирокчӣ» 12 ноябри соли 2013

 

 

ба озмун даъват менамояд.

Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:

 

- Нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисии аз ҷониби нотариус тасдиқшуда;

- Маълумотномаи нозироти андози макони қайди Иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунанду на дертар аз 30 рӯз то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст;

- Маълумотнома оид ба таҷрибаи молрасонӣ, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар 3 соли охир;

- Кафолати бонкӣ барои иҷрои шартҳои дархост дар ҳаҷми 1%-и арзиши дархости тендерӣ;

- Пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

       

        Дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкам, муҳрзада то соати 1700  11 ноябри соли 2013 ба шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо суроғаи: индекс 734023, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 48 пешниҳод карда шаванд.

      Озмун рӯзи 12 ноябри соли 2013 соати 1000 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 48 баргузор мегардад.

       Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро тавассути почтаи электронии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com ё рақамҳои телефонии  +992(372) 221-27-66; 2 21-47-42; 992 900 64 46 46; дастрас намоянд.