Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 November 2013

Қ А Р О Р И  РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №596-17 аз 05.11.2013

 

Дар бораи ба роҳ мондани фурӯши сайёри шири пастеризатсияшуда тариқи нақлиёти таъинотӣ дар ҳудуди  шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе   

 

 

       Муроҷиати Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» №76 аз 25 октябри соли 2013-ро оид ба ташкили фурӯши сайёри шири пастеризатсияшуда тариқи нақлиёти таъинотӣ дар ҳудуди  шаҳри Душанбе баррасӣ намуда, бо инобати хулосаҳои Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Раёсати назорати давлатии байторӣ, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе ва бо мақсади беҳтар намудани таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ширӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ АРОР МЕКУНАМ:

      1. Ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» барои фурӯши сайёри шири пастеризатсияшуда тариқи нақлиёти таъинотӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе тибқи рӯйхати замимагардидаи бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Раёсати назорати  давлатии  байторӣ, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе мувофиқагардида ҳар рӯз аз соати 06:00 то 09:00  ва аз соати 18:00 то 20:00 иҷозат дода шавад.

   2. Ташаббуси Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» тибқи Фармони корхона аз 30 октябри соли 2013, №47  бобати ба роҳ мондани фурӯши як литр шири равғаннокиаш 2,5% бо нархи 3,5 сомонӣ ҳамчун амали хайру эҳсонкорӣ ҷонибдорӣ карда шавад.

   3. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» фурӯши сайёри шири пастеризатсияшударо тариқи нақлиёти таъинотӣ бо дарназардошти риояи талаботу қоидаҳои  санитарию байторӣ ва оташнишонию муҳити зисту экологии зерин:

 

- дар ҳолати хуби санитарию экологӣ нигоҳ доштани ҷойҳои  фурӯши шир ва роҳ надодан ба резиши шир дар роҳҳо;

- риояи қоидаҳои байторию санитарии интиқоли шир бо нақлиёт;

- банд накардани роҳҳои мошингард ҳангоми фурӯши сайёри шир тариқи нақлиёти таъинотӣ;

- дар ҳолати дурусти техникӣ қарор доштани нақлиёти фурӯши шир бо назардошти хориҷ нашудани шир аз зарфи он;

- дар асоси аттестатсияи байторию санитарии шароити  истеҳсолӣ ва шаҳодатномаи байтории шакли №2 фаъолият намудани нақлиёти сайёри интиқоли шир;

- риоя гардидани талаботҳои зарурӣ бобати танҳо аз рӯи таъинот истифода бурдани нақлиёти  сайёри фурӯши шир;

- таваққуфи нақлиёти сайёр ҳангоми фурӯши шир дар фосилаи на камтар аз 15 метр аз роҳҳои мошингард;

 - гузаронидани дастурамал ба фурӯшандаҳо бобати риояи талаботи қоидаҳои санитарию байторӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор;

 - ташкили фурӯши шир бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бехатарӣ, аз ҷумла сертификати сифат ва қоидаҳои нигоҳдорӣ;

- пешниҳоди намунаҳои маҳсулот барои санҷиши озмоишӣ;

- фароҳам овардани шароит, аз ҷумла утоқи корӣ барои нозири давлатии байторӣ аз тарафи корхона;

- гузаронидани сироятгудозии (дизенфексияи) нақлиёти таъинотии интиқоли шир тибқи қойдаҳои байторию санитарӣ;

- гузоштани қуттиҳои партовғундорӣ дар ҷойҳои муайянгардида;

- дар асоси стандарти давлатӣ рангубор кардани нақлиётҳои ширкашонӣ ва тоза нигоҳ доштани намуди зоҳири онҳо;

  - таъмин намудани нақлиёти ширкашонӣ бо аломатҳои ишоравӣ ва воситаҳои оташхомӯшкунӣ ва ҷойҳои фурӯш бо воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ, ба роҳ монад.   

    4. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе  ҷараёни  иҷрои  Қарори  мазкурро тавассути  воситаҳои  ахбори омма инъикос намояд.

   5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе  Назаров Б.М. гузошта шавад.

          М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Замима ба

Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№596-17 аз 05.11.2013

Р У Й Х А Т И

 

шаҳраку маҳаллаҳо бо мавзеъҳои мувофиқашуда барои фурӯши сайёри шири пастеризатсияшуда бо  нақлиёти таъинотӣ аз тарафи ҶСП «Комбинати шири Душанбе»

 

 

Дар ноҳияи Фирдавсӣ

 

Дар ноҳияи И. Сомонӣ

 

Дар ноҳияи Шоҳмансур

 

Дар ноҳияи Сино