Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 November 2013

Қарори раиси шаҲри Душанбе  №624 аз 15 ноябри соли 2013

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи

 маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе оид ба

таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ  таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ АРОР   МЕКУНАМ :

1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2.      Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро таъмин намоянд.

3.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.), Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иштирокчиёни чорабиниҳоро таъмин созанд.

4.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ.   гузошта шавад.                                     

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 

 

Замима

ба Қарори  Раиси шаҳри Душанбе

                                                                                                                                                         №624 аз 15 ноябри соли 2013 соли 2013

 

НАҚШАИ

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе

 бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили сайругашти оммавии шаҳрвандон, баргузории консертҳои идона ва мутаносибан аксияҳои «Садоқат ба Парчам» дар боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Орази Парчам» дар Кӯли ҷавонон, «Таърихи Парчам» дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аксияи «Муҳаббат ба Парчам» дар майдони «800-солагии Москва»

Чопи мақолаҳо ва таҳияву пахши барномаҳо оид ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла, таърих ва муҳтавои аломатҳои Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузаронидани дарсҳои мавзӯӣ, вохӯриву сӯҳбатҳо оид ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ

Ташкили намоишгоҳи китобҳо ва мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ

 

Иҷрои корҳои ободонӣ, ороишӣ ва таъмини тозагӣ дар ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳо

Баргузории  веломарафон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт»

 

Омода намудани матни шиору овезаҳо барои ороиши кӯчаву майдонҳо ва ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳо

 

Ороиши идонаи бино, муассиса, идораву ташкилотҳои дар шаҳри Душанбе воқеъбуда, новобаста аз шакли моликияташон

Андешидани тадбирҳо ҷиҳати насби Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ва дастрас намудани нишони сарисинагӣ - рамзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ронандагони онҳо

 

Омода намудани видеоролики тарғибкунандаи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пахши онҳо тавассути мониторҳои дар ҷойҳои муайянгардидаи шаҳри Душанбе насбшуда

 

Тавассути васоити ахбори омма ва Муассисаи давлатии «Телевизиони  пойтахт» ташвиқ намудани рафти омодагӣ  ва гузаронидани чорабиниҳои идона

 

Танзими муназзами барқ, гузаронидани нуқтаҳои барқ, таъмини бехатарии зидди сӯхтор, навбатдории "Ёрии таъҷилӣ", амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ, манъ ва танзими  ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо ва ҷойҳои баргузории чорабиниҳо