Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 November 2013

Дар бораи «Ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. оид ба рафти иҷрои Қарори иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм №172-18 аз 30 июни соли 2009 “Дар бораи вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти батанзимдарории нигаҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе”

 

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. оид ба рафти иҷрои Қарори иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм №172-18 аз 30 июни соли 2009 “Дар бораи вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти батанзимдарории нигаҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанберо баррасӣ ва муҳокима намуда, қайд менамояд, ки новобаста аз тамоюли камшавии шумораи ҳайвонот нисбати солҳои пешин, ҳанўз ҳам саршумори чорвои калон ва хурди шохдору дигар ҳайвоноти хонагӣ дар миқёси ноҳияҳо зиёд мебошад, ки чунин вазъ ҳолати санитарӣ, тозагии муҳити зисти шаҳрро халалдор сохта, хилофи муқаррароти моддаи 81 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Ҳамзамон, сохтмони нуқтаҳои махсусгардонидашудаи парвариш, нигоҳдошт ва забҳи чорво дар минтақаҳои ҳамсарҳади ноҳияҳои шаҳр то ҳол оғоз наёфтаанд.

То ҳанўз ҳолатҳои рондани чорвои майдаи шахсию ҷамъиятӣ аз чарогоҳҳои зимистона ба тобистона ва баръакс аз қисмати маҳаллаҳои шаҳри Душанбе мушоҳида мегарданд.

          Бо мақсади таъмини иҷрои бечунучарои Қарори иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм №172-18 аз 30 июни соли 2009 “Дар бораи вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти батанзимдарории нигаҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе”, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ» Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

 

ҚАРОР  МЕКУНАД:

 

1.       Фаъолияти муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н., раисони ноҳияҳои шаҳр ва сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ҷиҳати татбиқи Қарори иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм №172-18 аз 30 июни соли 2009 “Дар бораи вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти батанзимдарории нигаҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе” ғайриқаноатбахш ҳисобида шавад.

2.       Муқаррар карда шавад, ки дар ҳолати то 1 январи соли 2014 таъмин накардани Қарори иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм №172-18 аз 30 июни соли 2009 “Дар бораи вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ” дар самти батанзимдарории нигоҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе”, масъалаи фаъолияти минбаъдаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н., раисони ноҳияҳои Сино – Сафаров З.А., Исмоили Сомонӣ – Қурбонов А.Ҷ., Шоҳмансур – Бобоев С.Қ., Фирдавсӣ – Алиев С.А. дар вазифаҳои ишғолнамудаашон тибқи талаботи қонунгузорӣ мавриди баррасӣ ва қабули қарори дахлдор қарор дода мешавад.

3.       Ба сардори Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе Қармишев Б. ва директори Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии шаҳри Душанбе Авғонов З.Т. вобаста ба роҳ додан ба бемасъулиятӣ ҷиҳати иҷроиши вазифаҳои хизматии худ оиди ба онҳо эълон намудани танбеҳ тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод ирсол карда шуда, дар  ҳолати  ноиҷро  мондани  муқаррароти  Қарори   мазкур  то 1 январи соли 2014, масъалаи фаъолияти минбаъдаи онҳо дар вазифаи роҳбари аввал мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор дода мешавад.

4.       Таваҷҷўҳи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ Сатторӣ И. нисбати зоҳир намудани беэътиноӣ вобаста ба таъмини назорати иҷрои Қарори иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм №172-18 аз 30 июни соли 2009 “Дар бораи вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти батанзимдарории нигаҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе” ҷалб карда шавад.

5.       Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н., Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе (Қармишев Б.) ва Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авғонов З.Т.):

-         дар якҷоягӣ бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Сино-Сафаров З.А., Шоҳмансур-Бобоев С.Қ., И.Сомонӣ-Қурбонов А.Ҷ., Фирдавсӣ-Алиев С.А.) зимни таъсиси комиссияҳои босалоҳият дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муҳлати 10 рўз баҳисобгирию муоинаи саршумори чорвои калону майдаи шохдор, аспу хар, уштур, хук ва паррандаҳои истеъмолиро дар тамоми маҳаллаҳо ва шаҳракҳои шаҳри Душанбе анҷом ва инчунин рўйхати оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд, ки бо нигоҳдорию парвариши чорво машғул мебошанд тартиб дода, ҷиҳати бартарафкунии пурраи нигоҳдорӣ, парвариши ҳайвонот ва паррандаҳои зикргардида аз ҳудуди шаҳри Душанбе чораҳои таъхирнопазир андешида, оиди дастгирии молиявии оилаҳои камбизоат дар ҳамоҳангӣ бо муовини Раиси шаҳр Назаров Б.М. ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоди асоснок ирсол созанд ва дар ин самт ҳамзамон бо ҷалби эҳсонкорон тадбирҳои мушаххас амалӣ намоянд;

-         то 20 ноябри соли 2013 нақшаи чорабиниҳои соҳавиро ҷиҳати пешгирӣ ва минбаъд роҳ надодан ба нигоҳдории ғайриқонунии ҳайвонот ва паррандаҳо, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии касалиҳои сирояткунанда, бақайдгирии дақиқи ҳайвоноти хонагӣ, саг, гурба ва паррандаҳои декоративӣ таҳия ва мавриди татбиқ қарор диҳанд.

6.       Муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М. дар ҳамкорӣ бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Сино-Сафаров З.А., Шоҳмансур-Бобоев С.Қ., И.Сомонӣ-Қурбонов А.Ҷ., Фирдавсӣ-Алиев С.А.) ва сохторҳои марбутаи назоратии санитарию эпидемиологӣ ва ветеринарию стандартизатсия ҷиҳати таъмини талаботи сокинони маҳаллаҳои шаҳр бо шири истеъмолии пастеризатсияшуда фурўши онро бевосита бо истифода аз мошинҳои махсус тавассути Ҷамъияти саҳомии пўшидаи “Комбинати шири шаҳри Душанбе” ва дигар истеҳсолкунандагон дар доираи таъмини талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ҳамарўза ба роҳ монад ва бо ин мақсад Қарори дахлдори Раиси шаҳрро омода ва мавриди иҷроишу назорат қарор диҳад.

7.       Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Идораи бозрасии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе ҷиҳати манъи убури рамаи чорвои ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба чарогоҳҳои тобистонаю зимистона аз ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе ва инчунин аз байн бурдани ҳамагуна бозорҳои ба ном сагҷангу паррандаҷанг чораҳои фаврӣ андешанд.

8.       Аз Прокуратураи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки:

- масъалаи зарурати татбиқи минбаъдаи қитъаҳои замини барои сохтмони нуқтаҳои нигоҳдорӣ, парвариш ва забҳи чорво ҷудогардидаро дар ноҳияҳои шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода, хулосаи асоснок ирсол намояд;

- ба фаъолияти худ ва прокуратураи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини назорати иҷрои муқаррароти моддаи 81 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти батанзимдарории нигаҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди шаҳри Душанбе тақвияти ҷиддӣ бахшад.

9.       Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷиҳати бартарафкунии ҳайвонҳои дайду дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе чораҳои таъхирнопазир андешанд.

10.  Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тавассути воситаҳои ахбори омма ҷараёни иҷрои  Қарори  мазкурро инъикос ва бо пуррагӣ чоп намудани онро дар сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, саҳифаҳои иҷтимоии интернетии дастраси шаҳрвандон ва рўзномаҳои шаҳрӣ баҳри густариши ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа таъмин намояд.

11.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ (Сатторӣ И.) гузошта шавад.

 

                РАИСИ

    МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ 

ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

М. УБАЙДУЛЛОЕВ