Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 November 2013

Оид ба ҳисоботи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Алиев С.А. дар бораи ҷараёни иҷрои нақшаҳои омодагии ноҳияи Фирдавсӣ ба таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳисоботи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Алиев С.А. дар бораи ҷараёни иҷрои нақшаҳои омодагии ноҳияи Фирдавсӣ ба таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  баррасӣ ва муҳокима намуда, қайд менамояд, ки баҳри таҷлили сазовори ҷашни мазкур дар ноҳияи Фирдавсӣ 1 марти соли 2012 Қарори Раиси ноҳияи Фирдавсӣ таҳти №22 ба тасвиб расида, фаъолияти муайяне амалӣ гардидааст.

Ҳамзамон вазъияти ҷойдошта аз он шаҳодат медиҳад, ки мутаассифона баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби васеи аҳли ҷамотчигии ноҳия вобаста ба гузаронидани корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми қаламрави ноҳия, баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, ҳифз ва оқилона истифода бурдани иншоотҳою моликияти коммуналӣ, сатҳ ва сифати хизматрасониҳои коммуналию муҳандисӣ камбудиҳои ҷиддӣ то ба ҳол ҷой доранд.

          Бо дарназардошти вазъияти ҷойдошта ва бо инобати натиҷаи вохўриҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, фаъолияти комиссияҳои муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба санҷишу назорати ҷараёни корҳои омодагӣ дар миқёси ноҳияҳои пойтахт, бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷонибаи шаҳри Душанбе баҳри таҷлили сазовори ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ» Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

 

ҚАРОР  МЕКУНАД:

 

1.       Ҳисоботи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ оид ба ҷараёни  иҷрои  нақшаҳои  омодагии  ноҳияи Фирдавсӣ ба таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад.

2.       Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ то 17 апрели соли 2014 иҷрои бечунучарои Қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №123-12 аз 20 декабри соли 2012 ва №141-15 аз 11 июли соли 2013-ро таъмин намуда, муқаррар карда шавад, ки дар иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳисоботи муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони комиссияҳои муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир ба ҳолати омодагии ноҳияҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

3.       Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Фирдавсӣ-Алиев С.А., Шоҳмансур-Бобоев С.Қ., И.Сомонӣ-Қурбонов А.Ҷ. ва Сино-Сафаров З.А.) дар муҳлати то 1 марти соли 2014:

-         миқдори умумии боғҳо, гулгаштҳо, сабзазорҳо ва дигар нуқтаҳои фонди кабудизори фароғатии дар ҳудудҳои ноҳияҳо мавҷударо, новобаста аз шакли моликият, муайян ва бо ҷалби соҳибмулкони онҳо дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар созмонҳои дизайнериву меъморони манзаравӣ (ландшафт) азнавсозӣ намоянд;

-         вобаста ба таъмини истифодабарии таъинотии майдончаҳои бозии кўдакон ва қитъаҳои замини истифодаи умум дар шаҳраку маҳаллаҳо тадбирҳои иловагӣ андешида, корҳои амалиро ҷиҳати бартарафсозии сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва минбаъд роҳ надодан ба ҳолатҳои ғасби замин, бо дарназардошти ташкил ва гузаронидани санҷишҳои муштарак бо иштироки сохторҳои дахлдор ва мақомоти қудратӣ тақвият бахшанд.

-         истгоҳҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятии дар тавозуни раёсатҳои истифодабарии ноҳияҳо мавҷудбударо таъмиру таҷдид намоянд.

4.       Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ (Абдурасулов А.А.), масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ (Сатторӣ И.), масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо (Сафиалоев С.Ғ.), масъалаҳои илм, инноватсия, маориф ва фарҳанг (Шарифов З.Р.) гузошта шавад.

 

                РАИСИ

  МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ

ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ  

                                                                                                                                     
М. УБАЙДУЛЛОЕВ