Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 November 2013

25 ноябри соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили  мубрами хоҷагидории шаҳр бо иштироки масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама оид ба ҷараёни иҷрои муқаррароти Қарори марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 10 октябри соли 2013 баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти манъ доштани  парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, маркаб, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ дар марзи шаҳри Душанбе, гузориши муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Н. Хайруллоев шунида  шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо нигаронӣ аз фаъолияти анҷомгирифта, дастур фармуд, ки зери садорати раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ - Сатторӣ Иззатулло дар таносуби ноҳияҳои шаҳр бо инобати тадбирҳои роҳандозигардида, ҳолати мавҷуда тавассути инвентаризатсияи чорво ва дигар ҳайвоноти нигаҳдошташон дар марзи пойтахт мамнуъбуда вазъи воқеии риояи қонуни мазкур аз ҷониби шаҳрвандон бо роҳи васеъ ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Дар ин зимн муқаррар карда шуд, ки ҷараёни ҳамарӯза аз соати 6 00 то 9 00 ва аз соати 18 00 то 20 00 таъминоти аҳолӣ бо шир аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Комбинати шири Душанбе” дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо бо нархи 3,5 сомонӣ  аз тарафи комиссияи ҷамъиятӣ мавриди назорат қарор дода шавад.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои  ғановати бозори истеъмолии шаҳр бо маҳсулоти ниёзи аввалия, инчунин баҳри амнияти истеъмолии сокинон сифат ва муҳлатҳои бафурӯшгузории маводи хӯрока дар бозорҳо ва дигар нуқтаҳои савдои шаҳр мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдор қарор гирифта, дар иртибот ба ҳар кадом масъалаҳо ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа гардиданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи бештарро дар ҷараёни баррасии масъалаҳо ба ҳолати дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ нигаронида, муқаррар сохт, ки баҳри ташкили ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба афзудани  имконияту иқтидорҳои истеҳсолии ширкатҳои маҳаллӣ ҳангоми баргузории тендерҳои шаҳрӣ танҳо ба ширкатҳои ватанӣ оид ба таъмини эҳтиёҷоти ташкилоту идораҳои коммуналӣ зимни  хариди молу хизматрасонӣ  авлавият дода шавад.

Дар ин росто зикр гашт, ки харидории фурӯзонакҳои каммасраф аз Корхонаи давлатии фаърӣ “Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ” -и шаҳри Душанбе ва мебелҳо аз ҶММ “Тоҷикмебел”   роҳандозӣ гардад. Идома бар он, дастур фармуд, ки ҷиҳати таъминоти Муассисаи давлатии ”Равшании Душанбешаҳр” хатти истеҳсоли фурӯзонакҳои ҷавобгӯи талаботи муассисаи мазкур дар заминаи Корхонаи давлатии фаърӣ “Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ” ташкил карда шавад.