«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 November 2013

Шаҳрдорӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани  Душанбе бобати вусъати раванди ободониҳо ва тавсеабахшии чораҳо оид ба хуштарҳу зебо гардидани намои меъмории шаҳр  пайваста тадбирҳои муассирро тибқи нақшаи тасдиқгардида амалӣ месозад.

Дар иртибот ба ин 26 ноябри соли 2013 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев директори ширкати «Глобал констракшн»-и шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон  ҷаноби Торгул Мамедовро, ки  бо даъвати шаҳрдорӣ ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқоти самимӣ ҷонибҳо масоили роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар мавриди татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо истифода аз таҷрибаи шаҳрсозӣ ва таҷдиду ороиши меъмории намои берунаи биноҳои сохташаванда ва мавҷуда тавассути коргирӣ аз технологияҳои муосири сохтмонӣ дар шаҳри Боку, ки ширкати мазкур дар ин ҷода нақши муҳим дорад,  матраҳ намуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо шиносоӣ аз таҷрибаи корбарӣ ва истеҳсолии ширкати «Глобал констракшен»-и шаҳри Боку дар иртибот ба аз ашёи кимёвии полиуретан истеҳсол ва мавриди истифода қарор додани маҳсулоти масолеҳи сабуки ороишии сохтмонӣ, ки дорои сертификати сифати Федератсияи Россия ва Иттиҳоди Аврупо мебошад, зикр сохт, ки шаҳрдорӣ барои ҳамкорӣ бо ширкати мазкур дар самти беҳбудбахшии намои берунӣ ва мунавварсозии шабонаи биноҳои баландошёнаи шаҳр омодааст.

Илова бар он афзуд, ки  ширкати «Глобал констракшен» имкон дорад тавассути иштирок дар тендерҳои байналхалқии эълондоштаи шаҳрдорӣ ва ғолибият дар онҳо барои муаррифии масолеҳи сохтмонии худ комёб гардад. Ба он маънӣ, ки рушди сохтмон ва бунёди биноҳои гуногунтаъинот дар шаҳри Душанбе ба ин гуна масолеҳи муосири сохтмонӣ зарурат дошта, истифодаи онҳо намои меъмории шаҳрро дилработар хоҳад намуд ва ташкили корхонаи истеҳсоли маводи мазкур дар шаҳри Душанбе мувофиқ ба мақсад мебошад. 

Ҷаноби Торгул Мамедов аз пазироиву муҳтавои суҳбати ихтисосӣ ва пешниҳодоти Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори сипосмандӣ карда, таъкид намуд, ки маротибаи нахуст аз Душанбе дидан мекунад ва ҳарҷо қоматафрозии биноҳои навсохту муҳташам баёнгари рушди сохтмону меъморӣ дар ин шаҳр аст. Омӯзиши лоиҳаҳои сохтмонӣ ва шиносоии бевосита аз Нақшаи генералию ҷойгиршавии бинову иншооти шаҳри Душанбе ба онҳо имкон хоҳад дод, ки лоиҳаи мушаххсеро оид ба таҷдиди намои берунаи онҳо таҳия намуда, ба баррасии шаҳрдорӣ манзур созанд.

Барои расидан ба ин ҳадафҳои созанда, дар фарҷоми мулоқот баҳри баррасии касбии масъалаҳои матраҳшуда гуруҳи кории муштарак аз ҳисоби мутахассисони ҷонибҳо созмон дода шуд, ки самтҳои ҳамкориро  дақиқ  ва Тафоҳумоти марбутаро оид ба роҳандозии робитаҳои мутақобилан судманд ва гуногунҷабҳа миёни шаҳрҳои Боку ва Душанбе омода хоҳанд намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон ҷаноби Гасанов Аббасалӣ Каром Оглу ширкат дошт.