Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 November 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 675 аз 29 ноябри соли 2013

Дар бораи қатъи ҳуқуқи заминистифодабарию  соҳибмулкӣ ва ҷуброни  зарар аз бартарафсозии квартираҳо дар биноҳои истиқоматии 2-ошёнаи  №№ 124,126,  128,  биноҳои 2-ошёнаи «Маркази савдо», №№128, 130  ва бинои маъмурии  мансуб ба ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон, №130а, воқеъ дар  хиёбони Рӯдакӣ

 Бо  мақсади  таъмини иҷрои банди 3  Қарори Раиси шаҳри Душанбе  №238 аз 23 апрели соли 2013  «Дар бораи гирифтани қитъаи замини зери биноҳои истиқоматию  маъмурии №№ 124, 126, 128, 130 130а, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ ва  кӯчаи Говоров, 4 барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҷиҳати сохтмони  иншооти «Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор, бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата дар хиёбони Рӯдакӣ» (рӯ ба рӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон), мутобиқи моддаҳои  19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 37 ва 38 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои  6, 64 ва 118 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои  259, 263 ва 265 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.     Ҳуқуқи  заминистифодабарию  соҳибмулкии  шаҳрвандони зерин:

         Хиёбони Рӯдакӣ, 124

- Ғуломов Ҷамшед (кв. №1, бо масоҳати умумии 45,6м2 аз он ҷумла, истиқоматии 28,0м2);

- Носирова Тутиҷон (кв.№2, бо масоҳати  умумии 45,6м2, аз он ҷумла,  истиқоматии 28,0м2);

- Шарипов Тоҷиддин Каримович (кв.№3, бо масоҳати умумии 44,3м2, аз он ҷумла,  истиқоматии 28,0м2);

- Сергеева Татьяна (кв.№4, бо масоҳати умумии 59,0м2 аз он ҷумла,  истиқоматии 41,9м2);

- Алимов Азиз (кв.№5, бо масоҳати умумии 46,5 м2, аз он ҷумла,  истиқоматии 32,4м2);

- Садрединов Зафарджон (кв.№6, бо масоҳати умумии 61,4м2, аз он ҷумла, истиқоматии 44,1м2);

- Салимов Закирджон (кв.№7, бо масоҳати умумии 23,8м2, аз он ҷумла, истиқоматии 15,8м2);

- Джумаева Мавжуда,  (кв.№8, бо масоҳати умумии  45,5м2, аз он ҷумла, истиқоматии 28,4м2);

          Хиёбони Рӯдакӣ, 128

- Ҳиматов Усмонджон (кв.№9, бо масоҳати умумии 45,8м2, аз он ҷумла, истиқоматии 28,0м2);

- Ғаниев Абдуҳалим (кв.№10, бо масоҳати умумии 45,5м2, аз он ҷумла, истиқоматии 27,5м2);

- Муродова Тоҷинисо (кв.№11, бо масоҳати умумии 46,1м2, аз он ҷумла, истиқоматии 28,0м2);

- Мирзоева Ниёзбегим (кв.№12, бо масоҳати умумии 47,1м2, аз он ҷумла, истиқоматии 28,9м2);

- Муҳамедшоев Карим (кв.№13, бо масоҳати умумии 46,8м2, аз он ҷумла, истиқоматии 28,8м2);

- Урунов Алишер (кв.№14, бо масоҳати умумии 45,0м2, аз он ҷумла, истиқоматии 28,2м2);

- Меликова Парвина (кв.№15, бо масоҳати умумии 46,6м2, аз он ҷумла, истиқоматии 28,8м2);

- Ходжиев Рустам ва Абдуллоева Тахмина  (кв.№16, бо масоҳати умумии 45,0м2, аз он ҷумла,  истиқоматии 28,2м2);

       Хиёбони Рӯдакӣ, 126

- Черешнев Александр (кв.№17, бо масоҳати умумии 45,0м2, аз он ҷумла, истиқоматии 28,2м2);

- Гадоева Музаффара (кв.№18, бо масоҳати умумии 46,4м2, аз он ҷумла, истиқоматии 28,8 м2);

- Каримов Джурабек (№кв.19, бо масоҳати умумии 45,5м2, аз он ҷумла, истиқоматии 28,3м2);

- Иброҳимов  Абдулло (кв.№20, бо масоҳати умумии 46,8м2, аз он ҷумла, истиқоматии 28,8м2);

- Ҷабарова Шоира (кв.№21, бо масоҳати умумии 45,8 м2, аз он ҷумла, истиқоматии 28,3 м2);

- Баратова Фарангиз (кв.№22, бо масоҳати умумии 45,7 м2, аз он ҷумла, истиқоматии 28,0 м2);

- Саидов Дильшод (кв.№23, бо масоҳати умумии 45,2 м2, аз он ҷумла, истиқоматии 28,3 м2);

- Базаров Шоҳзод (кв.№24, бо масоҳати умумии 46,2 м2, аз он ҷумла, истиқоматии 28,0м2), дар  маҷмуъ дар 3 бинои истиқоматӣ – 24 -квартира (бо масоҳати умумии 1124,3м2, аз он ҷумла,   истиқоматии 700,1 м2)  қатъ карда шуда,  ҷуброни зарар аз бартарафсозии квартираҳои №№ 1, 3,  4,  6  ва  №7 дар бинои  истиқоматии  воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 124,  квартираҳои  №№ 2,  12, 13, 14, 15 ва №16 дар бинои истиқоматии воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 128 ва №№17, 18, 20, 21, 22 ва №24 дар бинои истиқоматии воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 126 бо дарназардошти розигии хаттии соҳибмудкон, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи пешниҳодгардида,  нишондиҳандаҳои асосӣ,  сифат ва арзиши баҳододашудаи  бозории  квартираҳои  бартарафшаванда, ки  аз ҷониби сохторҳои  салоҳиятдор -  Корхонаи фаръии  байниноҳиявии  бақайдгирии  техникии  шаҳри Душанбе  ва КВД «Оид ба нархгузорӣ»-и  Кумитаи  давлатии  сармоягузорӣ ва  идораи  амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян  карда шудааст,  дар шакли маблағи пулӣ ва квартираҳои баробарарзиш   тибқи замимаҳои №1 ва   №2 ба амал бароварда шавад.

2. Ҳуқуқи заминистифодабарию соҳибмулкии шаҳрвандон Табаров Тағоймурод вобаста ба бинои    2-ошёнаи «Маркази савдо», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 128,    Шарипов Тоҷиддин ба бинои 2-ошёнаи «Маркази савдо»,  воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 130 ва Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон ба бинои маъмурии воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 130а , ки онро ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон  ҳамчун  дафтари корӣ истифода мебарад,  қатъ карда шуда,  ҷуброни  зарар аз бартарафсозии амволи  ғайриманқул ба соҳибмулкон  бо розигии онҳо ва бо дарназардошти  ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи  пешниҳодгардида,  нишондиҳандаҳои асосӣ, сифат ва арзиши баҳододашудаи бозории амволи бартарафшаванда, ки аз ҷониби сохторҳои   салоҳиятдор  – Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии  шаҳри Душанбе ва  КВД «Оид ба нархгузорӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва  идораи  амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда шудааст, бо  тартибе, ки дар замимаи №3 оварда шудааст,  ба амал бароварда шавад.

3.     Муқаррар  карда шавад, ки  бо хоҳиши соҳибмулкон:-  Носирова Тутиҷон (кв.№2),  Алимов Азиз (кв.№5) ва Джумаева Мавжуда (кв.№8), воқеъ дар бинои  истиқоматии  Рӯдакӣ,  124,  Ҳиматов  Усмонжон (кв.№9)  ва   Ғаниев Абдуҳалим (кв.№10),  воқеъ дар бинои   истиқоматии  Рӯдакӣ, 128,  Каримов Джурабек (кв.№19) ва Саидов Дильшод (кв.№23), воқеъ дар бинои истиқоматии хиёбони Рӯдакӣ, 126, аҳли оилаҳои онҳо ба квартираҳои озоди моликияти коммуналии шаҳри Душанбе тибқи замимаи №4 муваққатан маскун гардонида шуда, масъалаи додани квартираи баробарарзиш ба  моликияти онҳо аз маҷмааи биноҳои истиқоматии  баландошёнаи     бисёрквартирадори   сохташаванда  дар ҷои   биноҳои истиқоматии бартарафшаванда  баъд аз  ба истифода додани биноҳои зикргардида  бо дарназардошти  хариди  арзиши   масоҳати   зиёдатии  квартираҳои   биноҳои   навсохт дар ауксион, мавриди баррасии иловагӣ қарор дода  мешавад.

4.     Ҳуқуқи заминистифодабарию  соҳибмулкии шаҳрвандон – Лолаев Исмон вобаста ба манзили истиқоматии  воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 124/1 (бо масоҳати умумии 21,5м2, аз он ҷумла, истиқоматии 21,5м2),  Бобоев Саидисоқ ба манзили истиқоматии воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 124/2 (бо масоҳати умумии 42,4м2, аз он ҷумла истиқоматии 42,4м2), Исломов Исроил ба манзили истиқоматии  воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 124/3 (бо масоҳати умумии 31,6м2, аз он ҷумла,  истиқоматии 25,3м2) ва Мирзоева Ниёзбегим ба иншооти  ёрирасон – мошинхона (гараж) бо масоҳати 22,2м2 ва   анҷомхона бо масоҳати 14,8м2, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 128-12 қатъ карда шуда,  масъалаи ҷуброни зарар аз бартарафсозии амволи ғайриманқули шаҳрвандони  зикргардида, баъд аз санҷиши ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда  аз ҷониби  прокуратураи шаҳри Душанбе ва пешниҳоди  хулосаи  ҳуқуқии он,   мавриди баррасии  иловагӣ  қарор дода шавад.

5.     Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ-и шаҳри Душанбе (Анваров С.), ҳамчун фармоишгари сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматӣ,   дар   ҳамкорӣ  бо  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе  корҳои бартарафкунии амволи ғайриманқули дар бандҳои  1,  2 ва 3   Қарори  мазкур  омадаро, тибқи талаботи   санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда   амалӣ намояд.

6.      Раёсати ҳисоби хоҷагии баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзили шаҳри Душанбе  (Абдурахимов А.)  ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ (Қурбонов А.Ҷ.) дар асоси нақшаи тақсимоти манзил (замимаҳои №2 ва №4) барасмиятдарории  манзилномахои  шахсӣ ва  муваққатиро ба соҳибмулкони дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида  таъмин намояд.

7.     Сарраёстаи молияи шаҳри Душанбе  (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ маблағи 5 685 031 (панҷ миллиону шашсаду ҳаштоду панҷ ҳазору сию  як) сомониро ба  Раёсати сармоягузорӣ ва  идораи амволи  давлатӣ дар шаҳри Душанбе  барои ҷуброни зарари амволи ғайриманқули бартарафшавандаи соҳибмулкон тибқи замимаҳои №1 ва №3 ҷудо намояд.

8.     Қарори мазкур барои тасдиқ  ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе   пешниҳод карда шавад.

9.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Назаров Б.М.  гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ


Маълумот

дар бораи квартираҳои  бартарафшавандаи  моликияти  хусусии шаҳрвандон, воқеъ дар  хиёбони Рӯдакии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ва тартиби  баамалбарории ҷуброни зарар аз бартарфсозии онҳо

 

Номгӯйи

квартираҳои моликияти  коммуналии шаҳри Душанбе, ки  ҳамчун ҷуброни зарар  аз бартарафсозии  амволи ғайриманқул ба моликияти шаҳрвандон дода мешаванд.

 

Маълумот

дар бораи биноҳои бартарафшавандаи 2-ошёнаи «Маркази савдо», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, №128  ва №130 ва бинои маъмурии  мансуб  ба  ройзании  фарҳангии  Ҷумҳурии  исломии Эрон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 130а  ва тартиби ҷубони зарар аз бартарафсозии онҳо

 

Нақшаи

тақсимоти  квартираҳои  моликияти  коммуналии  шаҳри Душанбе барои маскунгардонии муваққатии сокинони биноҳои истиқоматии  бартарафшаванда,  воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 124, 126  ва 128 ноҳияи И.Сомони шаҳри Душанбе